Дар вилояти Суғд маъракаи даъвати баҳорӣ анҷом ёфт

Июнь 1, 2023 16:52

ДУШАНБЕ, 01.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд пурра иҷро гардид. Дар  ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Тавре маълум аст, ҳамасола тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва Фармони ​ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида мешавад.

Мутобиқи муқаррароти Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳимояи Ватан, манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд дониста шуда, ҷавонон бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар муҳлати муқарраргардида ба комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо омада, барои адои хизмати ҳарбӣ номнавис ва ба дар вазъияти тантанавӣ ба хизмат гусел карда мешаванд.

Бояд таъкид намуд, ки таъмини фазои орому осудаи Ватан ва амнияти ҷомеа аз муҳимтарин вазифаҳои давлат маҳсуб шуда, вобаста ба он таълиму тарбия ва руҳану ҷисман омода намудани ҷавонони синни даъватӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ беш аз пеш аҳамияти муҳим пайдо менамояд.

Корҳои тарғиботию ташвиқотии дар марҳилаи байнидаъватӣ баргузоргардида боиси он шуд, ки шаҳру ноҳияҳои вилоят нақшаи даъватро дар муҳлати муқарраргардида иҷро намоянд. Имрӯзҳо барои будубоши хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои низомии мамлакат шароити хуби хизматӣ ва маишӣ фароҳам оварда шудааст. Бо истифода аз имконият ҳомиёни Ватан ҳамчун муҳофизони содиқу вафодори миллат барои иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошта матонату мардонагӣ нишон дода, дар таҳкими сулҳу суботи давлати нави тоҷикон бо азми қавӣ хизмати намунавӣ хоҳанд кард.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июнь 1, 2023 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид