Донишгоҳи давлатии тадқиқоти геологии ба номи Серго Орджоникидзеи Русия барои ҷавонони вилояти Хатлон бурсияҳои таҳсил ҷудо намуд
ДУШАНБЕ, 10.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи давлатии тадқиқоти геологии ба номи Серго Орджоникидзеи Федератсияи Русия барои хатмкунандаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар ҷавонони хоҳишманди шаҳру ноҳияҳои минтақаҳои Бохтару Кӯлоби вилояти Хатлон бурсияҳои таҳсил ҷудо намуд. Дар ин хусус дар мулоқоти Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Ректори Донишгоҳи давлатии тадқиқоти геологии ба номи Серго Орджоникидзеи Русия Юрий Панов иттилоъ дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, дар мулоқоти мазкур масъалаи омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи геология аз ҳисоби ҷавонони вилояти Хатлон дар Донишгоҳи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
«Фоизи зиёди масоҳати Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил дода, омода намудани мутахассисони касбӣ дар самти гузаронидани омӯзишу тадқиқоти илмӣ дар соҳаи геология иқдоми саривақтӣ ва муҳим мебошад. Маҳз донишгоҳи номбурда дар ин самт таҷрибаи пешқадами омоданамоии мутахассисони соҳавиро дорад»,-гуфт Раиси вилоят.
Дар ин замина, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон вазифадор гардид, ки барои иштироки фаъолонаи хоҳишмандон дар имтиҳоноти маҷозии донишгоҳи мазкур ва соҳиб шудани ҳарчи бештари бурсияҳои таҳсил мусоидат намояд.
Бо ин мақсад дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз тарафи Раёсати маориф гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфтааст, ки онҳо бо хатмкунандагон дар мавриди таҳсил дар ихтисосҳои ройгон маълумоти муфассал дода, ҷиҳати дохилшавии онҳо ба Донишгоҳи мазкур мусоидат менамоянд.
Бояд тазаккур дод, ки бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳсили ҷавонон дар дохил ва хориҷи мамлакат шароиту имконият фароҳам оварда шудааст.
Ҳамин аст, ки ҳоло садҳо нафар ҷавонони Тоҷикистон, аз ҷумла аз вилояти Хатлон дар давлатҳои хориҷ, бахусус Федератсияи Русия таҳсили илм мекунанд.
Онҳо макотиби олии ин кишварро хатм намуда, мутахассиси соҳаҳои гуногун шуда, ба Ватан баргашта, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат саҳми худро мегузоранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон намоиши ҷойи холии кор баргузор гардид
ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Тавассути он масъалаи об ба самти калидии рӯзномаи ҷаҳонӣ табдил гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҳисор 231 синфхона барои 5544 хонанда дар як баст бунёд карда мешавад
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар омодасозии мутахассисони соҳаи кӯҳӣ ва рушди саноат саҳми назаррас дорад
Президенти Тоҷикистон барои иҷрои босифати барномаи рушди фанҳои дақиқ дастур доданд
Дар Тоҷикистон фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ тавассути рушди шаклҳои алтернативӣ зиёд мегардад
Оид ба механизмҳои муосири арзёбии сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамоиш доир гардид
ПАЙВАНДИ ИЛМ БО ИСТЕҲСОЛОТ. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон озмуни ихтироъкорӣ ва навоварӣ доир шуд
««ШОҲНОМА»-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ ВА ТАҲКИМИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ». Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиш доир шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба муаммоҳои глобалии экологӣ ҳамоиш доир шуд
Давраи якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои дохилшавӣ то 30 апрел идома меёбад
Қабули ҳуҷҷатҳо барои соли таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Корея оғоз гардид






