ФУТБОЛ. «Хуҷанд» дар даври плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё — 2023/24 бо ғолиби ҷуфти «Марв» – «Олой» бозӣ менамояд

Июнь 22, 2023 08:33

ДУШАНБЕ, 22.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Конфедератсияи футболи Осиё санаи баргузории бозиҳои даври муқаддамотӣ ва марҳилаи плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё — 2023/24-ро эълон намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Барандаи медали биринҷии мусобиқоти чемпионати Тоҷикистон «Хуҷанд» дар марҳилаи плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё — 2023/24 дар минтақаи марказӣ бо ғолиби даври муқаддамотӣ -«Марв» (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон) бозӣ менамояд.

Ин бозӣ 22 август дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», воқеъ дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.

Бозии даври муқаддамотии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё -2023/24 бо иштироки «Марв» ва «Олой» 15 август дар Туркманистон баргузор мешавад.

Даври муқаддамотии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё ва плей-офф аз як бозӣ иборат хоҳад буд.

Дар сурати муваффақ шудан дар марҳилаи плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё дастаи футболи «Хуҷанд» дар баробари бошгоҳҳои «Равшан» (Тоҷикистон), «Алтин Асир» (Туркманистон) ва «Абдиш-Ата» (Қирғизистон) ҳуқуқи иштирок дар марҳилаи гурӯҳии минтақаи марказиро пайдо менамояд.

Даври гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё — 2023/24 дар минтақаи марказӣ 20 сентябр оғоз шуда, 14 декабр ба анҷом мерасад. Танҳо ғолиби гурӯҳ ба марҳилаи навбатии мусобиқа роҳ меёбад.

Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё — 2023/24 

Минтақаи марказӣ 

Даври муқаддамотӣ

15 август (сешанбе) 

«Марв» (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон)

Плей-офф 

22 август (сешанбе) 

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – Ғолиби ҷуфти «Марв»/«Олой»

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июнь 22, 2023 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд