ФУТБОЛ. Ҷоми Осиё-2023 барои мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ба анҷом расид
ДУШАНБЕ, 23.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол бозии ниҳоии худро дар Ҷоми Осиё-2023 дар Тайланд анҷом дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқоти чемпионати Осиё дар чаҳоргонаи «С» мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо дастаи Австралия бозӣ намуд.
Барои роҳ ёфтан ба даври чорякниҳоӣ мунтахаби мо бояд дар бозӣ пирӯз мешуд. Дар нимаи дуюм ба дастаи Австралия муйяссар шуд, ки ду маротиба хати ҳимояи мунтахаби Тоҷикистонро шикаста, бо ҳисоби 2:0 пирӯз шавад.
Дар бозии дигар мунтахаби Арабистони Саудӣ бар дастаи Чин пирӯз шуд – 3:0.
Ҳамин тариқ, Арабистони Саудӣ дар се бозӣ 9 имтиёз ба даст оварда, дар гурӯҳи «С» мақоми аввалро касб намуд. Австралия бо шаш имтиёз дар ҷои дуюм қарор гирифт. Мунтахаби Тоҷикистон як хол ба даст оварда, дар зинаи сеюми ҷадвал ҷойгир шуд. Дастаи Чин мавқеи охиринро касб кард (1 хол).
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






