ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Дар рӯзи дуюми мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон се медал ба даст оварданд

Июнь 3, 2023 19:07

ДУШАНБЕ, 03.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 3 июн, дар рӯзи дуюми мусобиқаи Гран-прии Душанбе-2023 оид ба ҷудо ғолибон ва ҷоизадорон дар чор вазн муайян гардиданд. Дар рӯзи дуюм ҷудочиёни Тоҷикистон Сомон Маҳмадбеков (дар вазни -81) медали тилло, Шодмон Ризоев (дар вазни -81) медали  нуқра ва Беҳрӯз Хоҷазода (дар вазни -73 кг) медали нуқра ба даст оварданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ғолибону ҷоизадорони Гран-прии Душанбе-2023 дар баробари медалҳо бо ҷоизаҳои пулӣ сарфароз гардиданд. Ғолибони ҷойи аввал соҳиби 3000 евро, ҷойи дуюм 2000 евро ва ҷойи сеюм 1000 евро шуданд.

Бояд гуфт, ки Гран-прии Душанбе-2023 мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 низ буда, ба рейтинги варзишгарон хол илова карда мешавад. Барои ҷойи 1 — 700 хол, ҷойи 2 — 490, ҷойи 3 — 350, ҷойи 5 — 252 хол ва ғайра дода мешавад.

Ғолибону ҷоизадорони рӯзи дуюми мусобиқа:

Занон

-63 кг

1. Катарина Кристо (Хорватия)

2. Герреро Падилла (Испания)

3. Магдалена Крсакова (Австрия)

3. Ива Оберан (Хорватия)

-70 кг

1. Марго Пино (Фаронса)

2. Катажина Соберайская (Лаҳистон)

3. Лориана Кука (Косово)

3. Келли Петерсен Поллард (Британияи Кабир)

Мардон

-73 кг

1. Маҳмадбек Маҳмадбеков (дастаи варзишгарони фардии бетараф)

2. Беҳрӯз Хоҷазода (ТОҶИКИСТОН)

3. Гилберто Кардосо (Мексика)

3. Бенямин Аксус (Фаронса)

-81 кг

1. Сомон Маҳмадбеков (ТОҶИКИСТОН)

2. Шодмон Ризоев (ТОҶИКИСТОН) 

3. Иброҳим Кейта (Фаронса)

3. Анри Егутидзе (Португалия)

Ёдовар мешавем, ки Гран-прии Душанбе-2023 оид ба ҷудо пагоҳ, 3 июн дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии пойтахти Тоҷикистон бо рақобатҳо дар вазнҳои -90 кг, — 100 кг ва +100 кг идома меёбад.

Акрамхоҷа АКБАР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 3, 2023 19:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад