ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ -2023. Имрӯз рӯзи ниҳоии мусобиқа аст
ДУШАНБЕ, 04.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 4 июн рӯзи ниҳоии мусобиқаи Гран-прии Душанбе 2023 оид ба ҷудо, ки дар доираи Сайри ҷаҳонии ҷудои Федератсияи байналмилалии ҷудо баргузор мешавад, доир мегардад. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар рӯзи сеюм ҷудочиён дар вазнҳои то 90 кг, 100 кг ва беш аз 100 кг байни мардон ва дар вазнҳои то 78 кг ва беш аз 78 кг байни занон рақобат хоҳанд кард.
Имрӯз 12 варзишгари тоҷик болои гилеми гӯштингирӣ мебарояд.
-90 кг:
– Комроншоҳи Устопириён дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Вугар Талибов (Озарбойҷон) ва Егор Варапаев (варзишгари фардии бетараф) вомехӯрад.
— Ҷаҳонгир Маҷидов – Даниэл Бершадский (Исроил), дар даври дуюм
– Ҳақназар Назаров – Зуфарбек Уролов (Узбекистон)
— Акмал Муродов – Маттиас Мартин (Олмон), дар даври дуюм
-100 кг:
— Абубакри Акобир – Златко Кумрич (Хорватия), дар даври дуюм
— Исроил Раҳимов — Матвей Каниковский (варзишгари фардии бетараф), дар даври дуюм
— Эмомризо Анварзода — Даниэл Мукете (варзишгари фардии бетараф)
— Раҳматулло Мирзоев — Муҳаммадқодир Мансуров (Узбекистон)
+100 кг:
— Темур Раҳимов дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Валерий Эндовитский (варзишгари фардии бетараф) ва Исломбек Равшанқулов (Узбекистон) рақобат менамояд.
— Мансур Раҳмон — Магомедомар Магомедомаров (АМА)
– Иброҳим Элмуродов – Яш Виҷайран (Ҳиндустон)
— Шакармамад Мирмамадов — Ҷамол Гамзатхонов (Озарбойҷон), дар даври дуюм
Ғолибону ҷоизадорони Гран-прии Душанбе-2023 дар баробари медалҳо бо ҷоизаҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд. Ғолибони ҳар як вазн 3000 евро, барандагони нуқра 2000 евро ва биринҷӣ 1000 евро ба даст хоҳанд овард.
Ба ғайр аз ин Гран-прии Душанбе-2023 мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 буда, ба рейтинги варзишгарон хол илова мекунад. Барои ҷойи 1 — 700 хол, ҷои 2 — 490, ҷои 3 — 350, 5 — 252 ва ғайра.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






