Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад

Июнь 19, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 19.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво рӯзона дар баъзе ноҳияҳо то 43 дараҷа мерасад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои  тағйирёбанда дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо шиддати 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво 0+5 дараҷа  ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 11-16 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 дараҷа, рӯзона 37+42 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 39+44 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 18+23 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26, рӯзона 36+41 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17 дараҷа ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 ва дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии 12-7 метр дар як сония вазида чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 22+24 дараҷа ва рӯзона 38+40 дараҷа гарм мешавад.

Июнь 19, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо