Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри тағйирёбанда дар назар аст
ДУШАНБЕ, 17.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар мамлакат ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, ҳарорат рӯзона то 43 дараҷа мерасад. Вазиши шамол дар баъзе ҳолатҳо то 10-15 метр дар як сонияро ташкил хоҳад дод, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад. Шамол аз самти шарқ бо шиддати 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 17+19 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва дар ноҳияҳои алоҳида раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа, рӯзона 37+42 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 39+44 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 18+23 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25, рӯзона 35+40 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16 дараҷа ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр ва дар баъзе ҳолатҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 21+23 дараҷа ва рӯзона 38+40 дараҷа гарм мешавад.








«ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН-РАМЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Институти астрофизика дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Бастаҳои интернетии «Одӣ»: осон, мувофиқ, муфид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Вобаста ба нақши Пешвои миллат дар рушди илму маориф ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
«Эмомалӣ Раҳмон – кафили субот ва пойдории истиқлоли давлатӣ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
ZET-MOBILE рушди 5G-ро идома медиҳад: истгоҳҳои нави базавӣ ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар ноҳияи Шаҳринав бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Доир ба нақши таърихии Пешвои миллат дар эҳёи давлатдории миллӣ ва таҳкими сулҳу субот ҳамоиш баргузор шуд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд






