Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

Июнь 22, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 22.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. 24-25 июн дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, минтақаи Кӯлоб, ноҳияҳои тобеи марказ, шаҳри Душанбе бо сабаби омилҳои метеорологӣ, яъне чангбоде, ки аз самти ҷанубу ғарбӣ ба ҷумҳурӣ ворид мегардад, ифлосшавии ҳавои атмосферӣ пешгӯӣ карда мешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо шиддати 4-9 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво 3+8 дараҷа ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ асосан бебориш дар назар буда, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа, рӯзона 33+38 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 23+28 ва рӯзона 41+46 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 20+25 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25, рӯзона 36+41 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 23+25 дараҷа ва рӯзона 39+41 дараҷа гарм мешавад.

Июнь 22, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст