Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ДУШАНБЕ, 10.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо шиддати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст.
Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳи борони кӯтоҳмуддат ва эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа, рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 16+21 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24, рӯзона 34+39 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16 дараҷа ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ҷанубу ғарб бо суръати 4-9 ва дар баъзе ҳолатҳо 10-15 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 20+22 дараҷа ва рӯзона 35+37 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд






