Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд

Июнь 10, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 10.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ  ҳавои тағйирёбанда, асосан  бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо шиддати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12  ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст.

Дар вилояти Суғд  ҳаво тағйирёбанда,  дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳи борони кӯтоҳмуддат ва эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа, рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 16+21 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24, рӯзона 34+39 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16 дараҷа  ва  рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ҷанубу ғарб бо суръати 4-9 ва дар баъзе ҳолатҳо 10-15  метр дар як сония вазида,  чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 20+22 дараҷа ва рӯзона 35+37 дараҷа гарм мешавад.

Июнь 10, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 маротиба зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд