ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОЛИМПӢ. Тоҷикистон нахустин маротиба соли 1996 иштирокчии Бозиҳои олимпӣ гардид

Июнь 23, 2023 16:16

ДУШАНБЕ, 23.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 23 июн Рӯзи байналмилалии олимпӣ. Дар ин хусус 55 сол мукаддам, моҳи январи соли 1948 дар иҷлосияи 42-юми Кумитаи байналмилалии олимпӣ қарор қабул шуда буд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.

Баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ соли 1992 бо мақсади ҳимояи шарафи варзиши мамлакат дар сатҳи байналмилалӣ, таъмини рушди олимпизм дар ҷумҳурӣ Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон таъсис ёфта, 24 сентябри соли 1993 ба узвияти Кумитаи байналмилалии олимпӣ пазируфта шуд.

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари давлат, Раиси Шӯрои Олии мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгарон ба тамрин машғул шуда, ба мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ сафарбар мегардиданд ва бо натиҷаҳои назаррас ба Ватан бармегаштанд. Аз ҷумла, варзишгари тоҷик Андрей Абдувалиев солҳои 1993 ва 1995 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар намуди гурзандозӣ сазовори медали тилло гардид.

Новобаста ба вазъи мураккаби сиёсӣ бо дастгирии Сарвари давлат ҳайати олимпии Тоҷикистон зери Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба соли 1994 дар 12-ум Бозиҳои Осиё, ки дар шаҳри Ҳирошимаи Ҷопон баргузор шуд, иштирок намуд.

Тоҷикистон соли 1996 дар шаҳри Атлантаи Иёолоти Муттаҳидаи Амрико иштирокчии Бозиҳои олимпӣ гардид. Дар ин бозиҳо 8 варзишгар шарафи варзиши Тоҷикистонро ҳимоя намуданд.

Баъд аз Президенти Кумитаи миллии олимпӣ интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2009 соҳаи варзиш, аз ҷумла Ҳаракати олимпӣ дар ҷумҳурӣ бештар рушд кард. Хусусан, баъд аз мулоқоташон бо варзишгарон 20 декабри соли 2010.

Аз ин пештар, 28 марти соли 2007 Фармони Президенти ҷумҳурӣ «Дар бораи баргузор намудани Дави миллӣ» ба имзо расид, ки ин чорабинии муҳим дар роҳи солим нигоҳ доштани ҷомеа якшанбеи сеюми моҳи майи ҳар сол доир мегардад ва ҳар сол сафи иштирокчиёни он меафзояд.

Бояд гуфт, ки қабл аз соли 2007 – солҳои 2005 ва 2006 Дави олимпӣ доир гардида, дар аввалин Дави олимпӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.

Баъд аз мулоқоти Сарвари давлат бо варзишгарон ва масъулини соҳаи варзиш давоми 12 сол дар ҷумҳурӣ ҳазорҳо иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шуд. Хусусан, бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ва ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ се соли охир дар пойтахт ҳудуди 300 майдончаи варзишӣ, маҷмааи варзишии Қасри теннис ва варзишҳои обӣ бо стандарти бозиҳои олимпӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки албатта дар солимии ҷомеа ва рушди варзиши мамлакат мусоидат хоҳад кард.

Ташаббуси созанда ва ғамхоронаи Пешвои миллат нисбат ба варзишгарон он аст, ки 9 январи соли 2015 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ таъсис ёфт.

Сарвари давлат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ордену ҷоизаҳои бешуморашон дар самтҳои гуногун, дар варзиш низ аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ барои хизматҳои шоёнашон қадрдонӣ шудаанд. Аз ҷумла, Пешвои миллат бо Ордени Шӯрои олимпии Осиё ва медали тиллои Кумитаи олимпии Чин сарфароз гардидаанд.

Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аввалин Конфронси Олимпичиёни Тоҷикистон доир гашта, имрӯз аз субҳ дар ҳамаи шаҳру навоҳии мамлакат чорабиниҳои гуногуни варзишию маърифатӣ доир гаштанд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи июни соли 1894 дар шаҳри Парижи Фаронса Конгресси байналмилалӣ оид ба проблемаҳои тарбияи ҷисмонӣ доир гашт, ки дар он намояндагони 12 давлат иштирок карданд. 23 июни ҳамон сол Кумитаи байналмилалии олимпӣ таъсис ёфт. Маҳз ҳамин сана ҳамчун Рӯзи байналмилалии олимпӣ интихоб шуд, ки мақсад тарғиби варзиш дар тамоми ҷаҳон ва ҷалби одамон, новобаста аз синну сол, ҷинс ва имконияти онҳо ба варзиш мебошад.

Аввалин Бозиҳои олимпии муосир соли 1896 дар Юнон бо иштироки 241 варзишгар аз 14 давлат баргузор шуданд. Онҳо аз рӯи 9 намуди варзиш барои медалҳо рақобат намуданд. Баъди бештар аз 100 сол, дар Бозиҳои олимпии соли 2004 дар Юнон наздики 15 000 варзишгар аз 202 давлат дар 28 намуди варзиш иштирок карданд.

Дар Хартияи олимпӣ омадааст: «Мақсади ҳаракати олимпӣ тарбияи ҷавонон ба воситаи варзиш дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва рафоқат ва ба ин восита дунёи беҳтар ва осуда сохтан мебошад».

Таъкид кардан ба маврид аст, ки ки Бозиҳои олимпии соли 1916 бо сабаби Ҷанги якуми ҷаҳон ва солҳои 1940 ва 1944 бо сабаби Ҷанги дуюми ҷаҳон баргузор нашуданд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 23, 2023 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Мусобиқа оид ба футболи хурд таҳти унвони «Ҳамбастагӣ-2026» баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав Маркази рушди бокс ва майдони варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави ФИФА мақоми 101-умро соҳиб гардид
Дар Бадахшон лигаи волейбол байни мардон оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд