Имсол қисми дуюми бинои муассисаи таълимии №8-и шаҳри Хоруғ ба истифода дода мешавад

Июнь 4, 2023 13:33

ХОРУҒ, 04.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Қисми дуюми бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-и ба номи Сайфулло Абдуллоеви шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мутобиқи нақшаи пешбинишуда дар остонаи 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешавад. Дар айни ҳол дар ин иншооти барои соҳаи маориф хеле муҳими шаҳр зиёда аз 60 бинокор машғули кор мебошад. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар доданд.

Мутобиқи лоиҳа, бинои муассисаи таълимӣ аз 3 қисм иборат буда, бинои аввал бо ширкати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. То оғози соли нави таҳсил қисми дуюми бино низ ба истифода дода мешавад. Бунёди ҳар се қисми биноро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шариф ШС” бар уҳда дорад.

Сардори сохтмони бино Мирик Ҳилолов гуфт, ки “70 фоизи корҳои асосии сохтмонӣ ба анҷом расида, коргарон ба васлу насби дару тиреза, ноқилҳои баландшиддати барқӣ ва дегхонаи буғӣ машғул мебошанд. Як гурӯҳ коргарон бо истифода аз ду трактори пуриқтидор бинои кӯҳнаи муассисаи таълимиро ҳамвор карда, онро барои бунёди қисми сеюми бино омода мекунанд. Масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили хишту семент, чӯбу тахта ва арматура сари вақт аз шаҳри Душанбе интиқол меёбад ва то имрӯз дар таъмини масолеҳи сохтмонӣ ягон мушкилӣ пеш наомадааст”.

Ҳоло хонандагон дар қисми аввали бино, ки барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, аз 13 синфхона ва 7 кабинети фаннӣ иборат аст, таҳсил мекунанд. Дар синфхонаи компютерии муассиса, ки барои 24 хонанда пешбинӣ шудааст, 24 компютери насли нав мавҷуд аст ва хонандагон бе монеа аз ин таҷҳизоти хеле муҳими замони мусоир истифода мебаранд. Ба гуфтаи омӯзгорон, дар мактаби онҳо ба ҳар хонанда 1 компютер рост меояд, ки ин яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин дар саросари мамлакат мебошад. Бо истифода аз ин шароити мусоид сифати таълими фанҳои дақиқ дар муассисаи мазкур боз ҳам баланд гардида, хонандагон чанд сол пай дар пай дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Баъди пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани муассиса имконият пайдо мегардад, ки ҳамаи кӯдакону наврасони маҳаллаҳои Хоруғи боло, Андарситез ва Дашти боло дар як баст ба таълим фаро гирифта шаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 4, 2023 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Вазорати маориф ва илм ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хонандаи шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот сазовори ҷойи якум гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор нафар забони олмониро меомӯзанд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
11 сол қабл дар Тоҷикистон дохилшавӣ ба муассисаҳои олии касбӣ тавассути низоми тестӣ амалӣ гардид
Имрӯз даври якуми Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ оғоз гардид
Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид
Пагоҳ даври якуми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз мегардад
Равоншиноси Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Сино Манижа Раҷабова ғолиби озмуни байналмилалӣ гардид
Шумо барои фарзандатон дар таътили тобистона реҷаи рӯз тартиб додаед?
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Барои дар ёфтани маркази имтиҳонӣ ба мушкил дучор нагардидан чӣ бояд кард?
1 июл даври асосии Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз мегардад