«ИСТЕЪДОДҲОИ НАВРАС». Нахустин гурӯҳи иштирокчиёни Фестивали III байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон ба Душанбе омад

Июнь 26, 2023 11:51

ДУШАНБЕ, 26.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз як гурӯҳ наврасони соҳибистеъдод аз Русия, Узбекистон ва Туркманистон барои иштирок дар Фестивали III байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон «Истеъдодҳои наврас» ба шаҳри Душанбе омаданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» хабар доданд.

Ифтитоҳи расмии Фестивал шоми имрӯз, 26 июн, соати 18:30 бо баргузории барномаи фарҳангии идона дар саҳни Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» пешбинӣ шудааст.

Фестивали мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид баҳри таҳким бахшидани муносибатҳои дӯстона байни кӯдакон ва наврасони соҳибистеъдод, тарғиби арзишҳои инсонпарварона, сулҳу ваҳдат, омӯзиш ва арҷгузорӣ ба урфу одат ва фарҳангу тамаддуни ҳамдигарӣ, табодули иттилоъ ва таҷриба байни муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, марказҳои эҷодии кӯдакону наврасон, театр ва ансамблҳои кӯдакона ва дар ин замина мусоидат намудан дар муаррифӣ ва рушди эҷодиёти мусиқиву бадеии насли наврас баргузор карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки фестивал соли сеюм аст, ки таҳти сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе доир мегардад.

Дар назар аст, ки дар доираи Фестивали III байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон таҳти унвони «Истеъдодҳои наврас» Озмуни дуюми байналмилалии эҷодиёти мусиқии кӯдакон ва Намоиши дуюми байналмилалии мусаввирони наврас баргузор гардида, инчунин барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатӣ ташкил ва гузаронида шаванд.

АКС: Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе»

Июнь 26, 2023 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад