Китоби «Берунӣ ва Тахти Сангин – мояи ифтихори тоҷикон» рӯи чоп омад

Июнь 30, 2023 18:20

ДУШАНБЕ, 30.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар Тоҷикистон моҳи сентябр 2500-солагии шаҳристони Тахти Сангин ва даҳаи якуми моҳи октябр 1050-солагии алломаи Машриқзамин — Абурайҳони Берунӣ, ки ба Феҳристи ҷашнвораҳои байналмилалии ЮНЕСКО шомил шудаанд, таҷлил карда мешаванд. Ба ин муносибат маҷмӯаи «Берунӣ ва Тахти Сангин – мояи ифтихори тоҷикон» аз чоп баромад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Китоби мазкур аз ду фасл ва 184 саҳифа иборат мебошад. Дар он беҳтарин мақолаҳои донишмандони тоҷик, эҷодкорону муҳаққиқони шинохта гирдоварда шудааст, ки дар доираи озмунҳои эҷодии рӯзномаи «Хатлон» таҳти унвони «Абурайҳони Берунӣ — Алломаи Машриқзамин» ва «Тахти Сангин — рамзи таърихи пурғановати тоҷик» гулчин ва рӯи чоп омадаанд.

Китоби «Берунӣ ва Тахти Сангин – мояи ифтихори тоҷикон» ба алоқамандони таърих, илм, публитсистика ва доираи васеи хонандагон нигаронида шудааст, доир ба зиндагӣ ва осори шахсияти бузурги халқи тоҷик Абурайҳони Берунӣ, инчунин дар бораи шаҳраки Тахти Сангин ва дафинаи беҳамтои он маълумоти ҷолибу хонданиро фаро гирифтааст.

«Китоб дар омӯзиш ва шинохти беҳтари симои барҷастаи донишвари ҷаҳоншумули тоҷик, осори гаронбаҳои ӯ, гузаштаи пурифтихор, сабақҳои ибратомӯзи таърих ва саҳифаҳои дурахшони таърихи миллатамон мусоидат хоҳад кард», — омадааст дар муқаддимаи китоб.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 30, 2023 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст
Барномаи консертии арбобони санъати Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти унвони «Дӯстии абадӣ» доир мегардад
«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд