Масъалаи фаъол гардонидани кори Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд дар Душанбе баррасӣ карда шуд

Июнь 1, 2023 09:27

ДУШАНБЕ, 01.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи фаъол гардонидани кори Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, гузаронидани ҷаласаи Шӯрои миллии рушд ва Форуми миллии рушд зимни мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода  ва Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимлӣ дар Душанбе барррасӣ гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ медиҳад, ки  ҷонибҳо корҳои омодагиро доир ба гузаронидани ҳамоиш дар доираи таҷлили 30-солагии ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар мавзуи «Таъмини татбиқи муваффақонаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», инчунин самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо назардошти вазъи ҷаҳони имрӯза ва пешгирии таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ  муҳокима намуданд.

Дар анҷоми мулоқот мусоҳибон омодагии худро барои татбиқи масъалаҳои баррасишуда иброз намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 1, 2023 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд