Масъалаи фаъол гардонидани кори Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд дар Душанбе баррасӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 01.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи фаъол гардонидани кори Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, гузаронидани ҷаласаи Шӯрои миллии рушд ва Форуми миллии рушд зимни мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимлӣ дар Душанбе барррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо корҳои омодагиро доир ба гузаронидани ҳамоиш дар доираи таҷлили 30-солагии ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар мавзуи «Таъмини татбиқи муваффақонаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», инчунин самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо назардошти вазъи ҷаҳони имрӯза ва пешгирии таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ муҳокима намуданд.
Дар анҷоми мулоқот мусоҳибон омодагии худро барои татбиқи масъалаҳои баррасишуда иброз намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд






