Мулоқоти роҳбарияти вилояти Суғд бо Додситони кулли Ҷумҳурии Исломии Эрон доир гардид
ДУШАНБЕ, 09.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 8 июн Додситони кулли Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадҷаъфар Мунтазирӣ, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ба вилояти Суғд сафар карда, бо роҳбарияти вилоят вохўрӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Зимни суҳбат ҷонибҳо перомуни густариши робитаҳои дӯстона байни минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон мубодилаи афкор намуданд.
Тазаккур дода шуд, ки вилояти Суғд аз минтақаҳои рушдкардаи Тоҷикистон буда, омода аст бо тамоми минтақаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамкориро густариш бахшад.
Додситони кулли Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадҷаъфар Мунтазирӣ бо сипос аз истиқболи самимӣ бар тақвияти муносиботи дӯстона ишорат намуд ва омодагии кишварашро барои рушди ҳамкорӣ изҳор дошт.
Ёдовар мешавем, ки Додситони кулли Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадҷаъфар Мунтазирӣ зимни сафар ба вилоят аз минтақаҳои фарҳангиву сайёҳӣ боздид менамояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд






