Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ҷамъомади таълимиву тамриниро дар Бангкок оғоз намуд

Июнь 7, 2023 09:05

ДУШАНБЕ, 07.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба қисми финалии Ҷоми Осиё-2023 дар Бангкок ҷамъомади таълимиву тамриниро оғоз намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон Раҳматулло Фузайлов барои ҷамъомади ниҳоии тамринӣ ҷиҳати иштирок дар Ҷоми Осиё-2023 23 бозингар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар даъват намудааст.

Дар ин ҷамъомад даста аз рӯйи реҷаи дукарата машқ менамояд. Пеш аз Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Бангкок як бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Бояд таъкид намуд, ки дар Ҷоми Осиё-2023 миёни наврасон, ки аз 15 июн то 2 июл дар Таиланд баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Чин (16 июн), Арабистони Саудӣ (19 июн) ва Австралия (22 июн) рақобат менамояд. Дастаи мо ду бозии охӯрии аввалро дар марҳилаи гурӯҳӣ дар шаҳри Чонбури ва бозии даври охиринро дар Бангкок мегузаронад.

Бар асоси натоиҷи Ҷоми Осиё-2023 миёни наврасон чаҳор тими беҳтарин соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2023 мешавад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июнь 7, 2023 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Хислатҳои неки роҳбарии Рустами Эмомалӣ -ҳадафмандӣ, таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои беназир, эҳтиром ба одамон ва муоширати сатҳи баланд
Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»
Дар шаҳри Оснабрюки Олмон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқа баргузор гардид
25 МАЙ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали футбол доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил карда шуд