Мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар Мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 29.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ аввалин Мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» байни дастаҳои миллии футзал баргузор мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бозиҳо аз 23 то 30 июл дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.
Барои дарёфти унвони пурқувваттарин мунтахаби минтақа, дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон мубориза мебаранд.
Дар доираи Мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» 15 бозӣ баргузор мешавад. Мусобиқа аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор гардида, дар он ҳар як даста бо ҳамдигар як бозигӣ менамоянд.
Мунтахаби ғолиб бо назардошти шумораи холҳо муайян мешавад.
Барои тими миллии Тоҷикистон ширкат дар Мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» марҳилаи омодагӣ ба қисми интихобии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 7 то 11Ба октябр дар Душанбе баргузор мешавад, ба ҳисоб меравад. Рақибони дастаи мо дар бозиҳои интихобии қаҳрамонии Осиё мунтахабҳои Мянмар, Фаластин ва Ҳиндустон мебошанд.
«CAFA Futsal Cup-2023»
Иштирокчиён:
ТОҶИКИСТОН
Эрон
Узбекистон
Қирғизистон
Туркманистон
Афғонистон
Даври 1
23 июл (якшанбе)
Узбекистон – ТОҶИКИСТОН
Қирғизистон – Афғонистон
Эрон – Туркманистон
Даври 2
24 июл (душанбе)
ТОҶИКИСТОН – Туркманистон
Эрон – Қирғизистон
Узбекистон – Афғонистон
Даври 3
26 июл (чоршанбе)
ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон
Туркманистон – Узбекистон
Афғонистон – Эрон
Даври 4
28 июл (ҷумъа)
Афғонистон – ТОҶИКИСТОН
Қирғизистон – Туркманистон
Эрон – Узбекистон
Даври 5
30 июл (якшанбе)
ТОҶИКИСТОН – Эрон
Туркманистон – Афғонистон
Узбекистон – Қирғизистон
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






