Мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо дар Гранд Слами Қазоқистон иштирок менамояд

Июнь 11, 2023 14:12

ДУШАНБЕ, 11.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо дар ҳайати 10 нафар дар Гранд Слами Қазоқистон иштирок менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд. 

Мусобиқаи навбатии Сайри ҷаҳонии ҷудо дар Остона 16-18 июн бо иштироки беш аз 300 варзишгари 43 давлат баргузор мешавад. Аз ҷумла Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 10 варзишгар дар байни мардҳо , аз чумла Муҳаммадсолеҳ Қувватов (дар вазни -60 кг), Меҳрзод Суфиев (дар вазни -60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ (дар вазни -66 кг), Обид Ҷебов (дар вазни -66 кг), Шодмон Ризоев (дар вазни -81 кг), Сомон Маҳмадбеков (дар вазни -81 кг), Умедҷон Раҷабов (дар вазни -90 кг), Исроил Раҳимов (дар вазни -100 кг), Темур Раҳимов (дар вазни +100 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (дар вазни +100 кг) намояндагӣ менамоянд.

Фонди умумии ҷоизаҳо 150000 евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 5000 евро, барандагони медали нуқра 3000 евро ва медали биринҷӣ 1500 евро ҷоизапулӣ дарёфт мекунанд.

АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон

Июнь 11, 2023 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд