Намояндаи Тоҷикистон дар нишасти роҳбарони марказҳои зеҳниии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 29.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия таҳти унвони «Таҳлил ва ояндабинии фаъолияти ниҳодҳо дар минтақаи масъулияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ» машварат баргузор гардид, ки дар он роҳбарон ва намояндагони марказҳои зеҳниии давлатҳои аъзои ин Созмон ба таври ҳам ба таври ҳузурӣ ва ҳам дар шакли маҷозӣ иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Дар ҳамоиш Тоҷикистонро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода намояндагӣ карда, доир мавзӯи рӯзномаи машварат ва назари Тоҷикистон дар ин масъала сухан гуфт.
Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон ба густариши ҳамкории фарогир бо давлатҳои аъзои СААД ҷиҳати таҳкими амнияти милливу давлатӣ ва самти авлавиятноки сиёсати хориҷии давлат аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад.
Фаъолияти Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Созмони мазкур ҳадафи эҷоди василаҳои самарабахши мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосирро пайгирӣ мекунад. Аз ин рӯ, узвияти ҷумҳурӣ дар ин Созмон аз омилҳои муҳимми таъмини амнияти мамлакат ва ҳифзи субот дар минтақа ба шумор меравад.
Иброз гардид, ки Тоҷикистон ба ҳайси яке аз давлатҳои асосгузори Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар тули таърихи фаъолияти ин Созмон барои густариш ва таъмини амнияти дастаҷамъӣ дар минтақаи масъулияти Созмони мазкур саҳми назаррас гузоштааст.
АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






