Олимпичиёни тоҷик дар бозиҳои Берлин бо ду медали тилло мушарраф гардиданд

Июнь 24, 2023 11:16

ДУШАНБЕ, 24.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони тоҷик Абдулҳамид Эмомов ва Нисора Сафарова дар Бозиҳои махсуси ҷаҳонии тобистонаи олимпии Берлин 2023 (Special Olympics World Summer Games 2023) соҳиби медали тилло гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар медиҳад.

Абдулҳамид Эмомов ва Нисора Сафарова дар сабқатҳо — давидан ба масофаи 200 метр ва тенниси рӯйи миз мақоми аввалро касб намуда, бо медали тилло сарфароз гаштанд.

Сафири Тоҷикистон дар Олмон бо ҳайати варзишгарон вохӯрӣ намуд.

Дар вохӯрӣ оид ба таваҷҷуҳ ва ғамхории доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба варзишгарон, рушди соҳаҳои мухталифи варзиш, оммавигардонии он ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни аҳолӣ  ёдоварӣ шуд.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Олмон

Июнь 24, 2023 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод