Олимпичиёни тоҷик дар бозиҳои Берлин бо ду медали тилло мушарраф гардиданд
ДУШАНБЕ, 24.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони тоҷик Абдулҳамид Эмомов ва Нисора Сафарова дар Бозиҳои махсуси ҷаҳонии тобистонаи олимпии Берлин 2023 (Special Olympics World Summer Games 2023) соҳиби медали тилло гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар медиҳад.
Абдулҳамид Эмомов ва Нисора Сафарова дар сабқатҳо — давидан ба масофаи 200 метр ва тенниси рӯйи миз мақоми аввалро касб намуда, бо медали тилло сарфароз гаштанд.
Сафири Тоҷикистон дар Олмон бо ҳайати варзишгарон вохӯрӣ намуд.
Дар вохӯрӣ оид ба таваҷҷуҳ ва ғамхории доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба варзишгарон, рушди соҳаҳои мухталифи варзиш, оммавигардонии он ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни аҳолӣ ёдоварӣ шуд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Олмон








ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид






