ҶОМИ МИЛЛАТҲОИ АРАБ-2023. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии сеюми худро дар ин мусобиқа баргузор намуд

Июнь 12, 2023 17:00

ДУШАНБЕ, 12.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов бозии ниҳоии худро дар Ҷоми миллатҳои Араб-2023 дар Арабистони Саудӣ анҷом дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бозии даври сеюмро дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо Алҷазоир бо ҳисоби мусовӣ – 2:2 анҷом дод. Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Идрис Ёров ва Муҳаммаҷон Шарифов  голҳоро ба нишон расониданд.

Дар бозии дигари гурӯҳ дастаи мунтахаби Либия бар Арабистони Саудӣ  бо ҳисоби 5:3 пирӯз шуд.

Қобили тазаккур аст, ки дар натиҷаи марҳилаи гурӯҳӣ дастаи мунтахаби Либия бо шаш имтиёз дар гурӯҳи «А» мақоми аввалро касб намуд. Алҷазоир бо 5 имтиёз дар зинаи дуюм ҷой гирифт. Арабистони Саудӣ бо чор имтиёз мавқеи сеюм ва дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо як имтиёз мавқеи охиринро ишғол намуд.

Ҳамин тариқ, Ҷоми миллатҳои Араб-2023 барои дастаи мунтахаби  футзали Тоҷикистон хотима ёфт.

Ҷоми миллатҳои Араб-2023 оид ба футзал

Гурӯҳи «А». 

Даври 1

Либия — ТОҶИКИСТОН — 2:1

Голи Тоҷикистон: Файзалӣ Сардоров.

Арабистони Саудӣ — Алҷазоир — 4:4

Даври 2

8 июн (панҷшанбе)

ТОҶИКИСТОН – Арабистони Саудӣ-  0:8

Даври 3

10 июн (шанбе)

ТОҶИКИСТОН  – Алҷазоир – 2:2

Голҳои Тоҷикистон: Идрис Ёров, Муҳаммадҷон Шарипов.

Арабистони Саудӣ – Либия – 3:5

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июнь 12, 2023 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали рамзии паралимпичиёни Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид