ҶОМИ ОСИЁ-2023. Довари тоҷик Насрулло Кабиров бозии даври ниманиҳоӣ байни Эрон ва Ҷопонро ҳакамӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 29.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Насрулло Кабирови 38-сола, довари Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) аз Тоҷикистон довари марказии бозии даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2023 (U-17) оид ба футбол байни дастаҳои наврасони Эрон ва Ҷопон таъйин шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бозии мазкур имрӯз, 29 июн дар варзишгоҳи «Таммасат»-и шаҳри Патҳумтҳании Тайланд баргузор мешавад.
Ба Насрулло Кабиров дар хатҳо ёварони довари Федератсияи байналмилалии футбол Акмал Бӯриев аз Тоҷикистон ва Исмоилҷон Талипҷонов аз Қирғизистон кумак мерасонанд. Вазифаи довари чорумро довари Федератсияи байналмилалии футбол Аҳмад Файсал Ал-Алӣ аз Урдун иҷро мекунад. Владислав Сейтлин аз Узбекистон кори ҳайати доваронро назорат менамояд. Сардори Раёсати байналмилалии Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов ҳамчун ҳамоҳангсози кулл дар варзишгоҳи «Таммасат» фаъолият хоҳад намуд.
Бояд гуфт, ки барои Насрулло Кабирови 38-сола ин чаҳорумин бозӣ ба ҳайси довари марказӣ дар Ҷоми Осиё-2023 дар Таиланд байни дастаҳои наврасони то 17-сола хоҳад буд. Қаблан довари мо бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ: Ҳиндустон – Ветнам (1:1), Малайзия – Лаос (2:1) ва Ҷопон – Ҳиндустон (8:4)-ро ҳакамӣ карда, дар вохӯрии Афғонистон – Кореяи Ҷанубӣ (8:4) ва рақобати чорякниҳоӣ миёни Эрон – Яман (0:0, аз руйи пеналти – 4:2) ба ҳайси довари эҳтиётӣ адои вазифа намуд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






