ҶОМИ ОСИЁ-2024. Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) омодагиро ба марҳилаи интихобӣ оғоз намуд

Июнь 6, 2023 11:38

ДУШАНБЕ, 06.06.2023 /НИАТ «Ховар»/. Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол омодагиҳоро ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар Душанбе оғоз намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Сармураббии мунтахаби олимпии Тоҷикистон Мубин Эргашев ба ин ҷамъомад 27 бозингар – 4 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагарро даъват кардааст. Даста машқҳои худро дар варзишгоҳи «Авиатор»-и пойтахт мегузаронад.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи июн бо ҳамсолони худ аз Ҳонконг ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Рақобатҳо рӯзҳои 15 ва 19 июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор мешаванд.

Бояд гуфт, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи «I» бо дастаҳои Австралия, Лаос ва Кореяи Шимолӣ вомехӯрад. Марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи мо аз 6 то 12 сентябр дар шаҳри Душанбе сурат мегирад.

Ғолибони ёздаҳ гурӯҳи интихобӣ ва ҳамчунин чаҳор тими беҳтарини ҷойи дуюм соҳиби роҳхат ба қисми финалии Ҷоми Осиё-2024 мешаванд, ки аз 15 апрел то 3 май дар Қатар баргузор мегардад.

Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Душанбе: 

Дарвозабонҳо: Суҳробхӯҷа Юсупов, Шаҳобиддин Маҳмудзода (ҳарду аз КМВА), Олимҷон Ҷӯраев («Истиқлол»), Сафармад Ғаффоров («Хатлон»);

Ҳимоятгарон: Алиҷон Кароматуллозода, Ҳайдар Сатторов (ҳарду аз «Истиқлол»), Комрон Иброҳимов, Исроил Холов (ҳарду аз КМВА), Шоҳрух Сангов («Регар-ТадАЗ»), Раҳматшо Раҳматзода («Ҳосилот»), Шаҳриёри Иноятулло («Равшан»), Асадбек Зиёзода («Истаравшан»), Мустафо Миликшоев («Файзканд»);

Нимҳимоятгарон: Амадонӣ Камолов («Истиқлол»), Азизбек Далиев, Азизбек Ҳаитов (ҳарду аз «Хуҷанд»), Алишер Шукуров («Куктош»), Шуҳрат Элмуродов, Фаридун Давлатов (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Фатҳулло Олимзода, Аббос Андалибов (ҳарду аз «Равшан»), Абдулло Шарипов (КМВА);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Зимбру», Молдова), Рустам Соиров («Локомотив», Ӯзбекистон), Далер Шарифов («Металлург», Узбекистон), Абдулфаттоҳ Худойдодзода («Равшан»), Аминҷон Эргашев («Регар-ТадАЗ»).

Сармураббӣ – Мубин Эргашев.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июнь 6, 2023 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд