ОНҲО ФАРОМӮШ НАМЕШАВАНД! Дар маркази шаҳри Гулистон кӯчае ба номи афсари шуҷоъ Эркин Абдусатторов номгузорӣ шуд
ДУШАНБЕ, 25.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ маросими номгузории як қисми кӯчаи Гулистони маркази шаҳри Гулистон ба номи афсари шуҷоъ Абдусатторов Эркин Турдибоевич, ки дар роҳи ҳифзи Ватан ҳалок гардид, баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон хабар медиҳад.
Дар ин маросим роҳбарияти шаҳр, намояндагони Раёсати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, намояндагони воҳидҳои сохторӣ, мудирони шуъбаву бахшҳо, сарбозон, собиқадорон, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, сокинон ва ҷавонони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуданд.
Дар ҷамъомад иброз гардид, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат ҷиҳати гиромидошти хотираи онҳое, ки дар роҳи ҳифзи Ватан ҷони худро нисор кардаанд, иқдомҳои шоиста амалӣ гардида, ба номи онҳо шаҳру ноҳияҳо, донишгоҳҳо, мактабҳо, муассисаҳои фарҳангӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва кӯчаҳо номгузорӣ гардидаанд.
Боиси ифтихор ва шарафмандии волидайну пайвандон ва кулли сокинони шаҳр аст, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусатторов Эркин Турдибоевич пас аз ҳалокат бо ордени «Шараф» дараҷаи II аз 7 феврали соли 2023 сафароз гардонида шуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷиҳати арҷ гузоштан ба хизматҳои шоёни ин афсари шуҷои Ватан тадбирҳои муассисар андешида, бо пешниҳоди Комиссияи номгузорӣ ва қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон аз 10 марти соли равон як қисми кӯчаи Гулистон, аз хонаи рақами 49 то хонаи рақами №65-ро баҳри абадӣ гардонидани хотири неки фарзанди содиқи Ватан Абдусатторов Эркин Турдибоевич номгузорӣ намуд.
Дар интиҳои маросим хоҳари марҳум Дилафрӯз Абдусатторова сипосамандии аҳли хонаводаашро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба инобат гирифтани фидокориҳои бародараш ва қадр намуданаш бо ордени «Шараф» дараҷаи II, инчунин номгузории ин кӯча ба номи ў миннатдорӣ баён намуд.
Номбурда гуфт, ки ў ва аҳли хонаводашон аз доштани чунин фарзанд ва бародари қаҳрамон ифтихор мекунанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






