ОНҲО ФАРОМӮШ НАМЕШАВАНД! Дар маркази шаҳри Гулистон кӯчае ба номи афсари шуҷоъ Эркин Абдусатторов номгузорӣ шуд

Июнь 25, 2023 17:14

ДУШАНБЕ, 25.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ маросими номгузории як қисми кӯчаи Гулистони маркази шаҳри Гулистон ба номи  афсари шуҷоъ Абдусатторов Эркин Турдибоевич, ки дар роҳи ҳифзи Ватан ҳалок гардид,  баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон хабар медиҳад.

Дар ин маросим роҳбарияти шаҳр, намояндагони Раёсати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, намояндагони  воҳидҳои сохторӣ, мудирони шуъбаву бахшҳо, сарбозон, собиқадорон, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, сокинон ва ҷавонони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуданд.

Дар ҷамъомад иброз гардид, ки  бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат ҷиҳати гиромидошти хотираи онҳое, ки дар роҳи ҳифзи Ватан ҷони худро нисор кардаанд,  иқдомҳои шоиста амалӣ гардида, ба номи онҳо шаҳру ноҳияҳо, донишгоҳҳо, мактабҳо, муассисаҳои фарҳангӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва кӯчаҳо номгузорӣ гардидаанд.

Боиси ифтихор ва шарафмандии волидайну пайвандон ва кулли сокинони шаҳр аст, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусатторов Эркин Турдибоевич пас аз ҳалокат бо ордени «Шараф» дараҷаи II аз 7 феврали соли 2023 сафароз гардонида шуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷиҳати арҷ гузоштан ба хизматҳои шоёни ин афсари шуҷои Ватан тадбирҳои муассисар андешида, бо пешниҳоди Комиссияи номгузорӣ ва қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон аз 10 марти соли равон як  қисми кӯчаи Гулистон,  аз хонаи рақами 49 то хонаи рақами №65-ро баҳри абадӣ гардонидани хотири неки фарзанди содиқи Ватан Абдусатторов Эркин Турдибоевич номгузорӣ намуд.

Дар интиҳои маросим  хоҳари марҳум Дилафрӯз Абдусатторова сипосамандии аҳли хонаводаашро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба инобат гирифтани фидокориҳои бародараш ва қадр намуданаш бо ордени «Шараф» дараҷаи II, инчунин номгузории ин кӯча ба номи ў миннатдорӣ баён намуд.

Номбурда гуфт, ки ў ва аҳли хонаводашон аз доштани чунин фарзанд ва бародари қаҳрамон ифтихор мекунанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон

Июнь 25, 2023 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд