Рақибони мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 22.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Рақибони мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 муайян шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар қуръакашӣ, 31 даста ба ҳашт гурӯҳ тақсим шуданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» қарор гирифта, бо мунтахабҳои Мянмар, Фаластин ва Ҳиндустон рақобат менамояд.
Бозиҳои интихобӣ дар гурӯҳи «Е» аз 7 то 11 октябр дар Душанбе баргузор мешаванд.
Бояд таъкид намуд, ки ғолибони гурӯҳҳо ва ҳамчунин ҳафт дастаи беҳтарини ҷойи дуюм ба қисми финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳхат мегиранд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар Душанбе дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ баргузор мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу ва грэплинг байни ҷавонон ва наврасон баргузор гардид
Дар Москва бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Мусобиқа оид ба футболи хурд таҳти унвони «Ҳамбастагӣ-2026» баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав Маркази рушди бокс ва майдони варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави ФИФА мақоми 101-умро соҳиб гардид
Дар Бадахшон лигаи волейбол байни мардон оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид






