Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Амид Комилбек: «Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои тараққинамудаи минтақа ва ҷаҳон табдил хоҳад ёфт»

Июнь 27, 2023 12:04

ДУШАНБЕ, 27.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ваҳдати миллӣ арзиши олӣ, омили асоситарини рушди давлатдории навини тоҷикон маҳсуб мешавад.

Таҷрибаи бузурги сулҳофарӣ ва қабули қарорҳои сарнавиштсоз аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асоси рушди минбаъдаи давлат ва миллати тоҷикро таъмин намуданд. Дар давраи кутоҳи таърихӣ воқеан иқдомҳое амалӣ карда шуданд, ки тавонистанд ба ташаккули давлатдории нави тоҷикон замина гузоранд. Чунин изҳори андеша намудааст Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев Амид КОМИЛБЕК дар мақолаи худ бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ворид гардидааст. Дар зер матни пурраи мақола оварда мешавад:

-Вобаста ба хусусиятҳои қарорҳои сиёсии қабулшуда дар марҳилаи 31 соли соҳибистиқлолӣ бояд гуфт, ки онҳо аксаран хусусияти стратегӣ доштанду доранд.

Дар ҳошияи ин гуфтаҳо метавон дар бораи тақсими замин ба мардум низ ёдовар шуд. Яке аз мушкилиҳои ҷиддие, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар робита ба вазъи муташанниҷи иҷтимоию сиёсӣ пайгири ҷомеа гашта буд, ин хатари гуруснагӣ маҳсуб меёфт.

Дар ин замина метавон дар бораи қабули қарори таърихӣ ҷиҳати ба мардум тақсим карда додани замин ёдовар шуд. Бо мақсади бартараф намудани таҳдиди гуруснагӣ ва ҳалли мушкилии иҷтимоии мардум вобаста ба норасоии маводи хӯрокворӣ Сарвари давлат аввал 9 октябри соли 1995 фармон дар бораи ҷудо намудани 50 ҳазор гектар барои хоҷагиҳои наздиҳавлигӣ ва баъдан 1 декабри соли 1997 фармон дар бораи иловатан ҷудо намудани 25 ҳазор гектари дигар қабул намуданд.

Дар маҷмуъ 75 ҳазор гектар замин барои истифодабарии хоҷагиҳо имзо карда шуд, ки ин дар паст намудани шиддати мушкилиҳои иҷтимоӣ, бахусус гуруснагӣ таъсири бевоситаи худро расонид.

Дар бораи аҳамияти қабули қарори мазкур ва самараи татбиқи он Президенти мамлакат дар суханронии худ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки: «Барои пешгирӣ кардани хатари гуруснагӣ ва минбаъд бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ ҳарчи бештар таъмин намудани бозори истеъмолӣ дар давоми солҳои 1995 – 1997 ба аҳолӣ 75 ҳазор гектар замин, ки байни мардум ҳамчун «заминҳои президентӣ» маъмул мебошад, тақсим карда шуд. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат зиёда аз 112 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардида, майдони онҳо ба беш аз 200 ҳазор гектар расид, ки нисбат ба соли 1991 2,2 баробар зиёд мебошад. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ соли 2020 нисбат ба соли 1997 5,4 баробар афзоиш ёфта, ба 33,6 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Тайи солҳои истиқлол мо таҷрибаи бисёр судманди кишти такрориро васеъ ҷорӣ кардем ва ҳар сол дар мамлакат дар майдони 200 ҳазор гектар кишти такрории зироатро ба роҳ мондем.

Бояд афзуд, ки дар ин давра тамоми минтақаҳои мамлакат бомаром рушд карда, сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандони ҷумҳурӣ баланд бардошта шуд.

Дар меҳвари ин бунёдкориҳо, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ба давраи нави тарақиёт ворид шуд. Оғози асри XXI-ро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асри Бадахшон, қарни пешрафт ва кашфи ин сарзамини пурасрор номидааст. Дар доираи ин сухани барномавӣ дар ин минтақа бунёдкорӣ ва созандагиҳои азими аср шуруъ шуданд.

Бо ибтикору дастгирии ҳамаҷонибаи Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шоҳроҳою пулҳо сохта шуданду мардуми Бадахшон дар як муддати кутоҳи таърихӣ ҷониби Чину Афғонистон ва мамолики Осиёи Марказӣ ҳамешагӣ роҳ пайдо карда, аз бумбасти комуникатсионӣ баромад.

Дар рӯзҳои таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ 30 соли рушди вилоятро таҳлил намуда, иброз доштанд, ки «Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он беш аз 21 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилоят 33 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз се миллиард сомонӣ ба анҷом расида, ҳоло татбиқи 14 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии се миллиарду 300 миллион сомонӣ идома дорад».

Яке аз рамзҳои нахустини ва муҳимтарини тарақиёти вилояти Бадахшон ва дурнамои рушди он дар солҳои аввлаи соҳибистиқлолӣ ин ташкили муассисаи олии таълимии касбӣ дар маркази вилоят мебошад.

Дар арафаи таҷлили яксолагии Истиқлоли давлатӣ Донишгоҳи давлатии Хоруғ таъсис дода шуд. Таъсисёбии Донишгоҳ дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ-маърифатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон рӯйдоди муҳим буда, аҳамияти бузурги сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангӣ дорад.

Ин падида муҳим дар китоби таърихи илму маориф ва фарҳанги вилоят як саҳифаи навро боз намуд. Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба ҳамаи душвориҳои солҳои аввали Истиқлол нигоҳ накарда, чун маркази илмӣ-маърифатӣ, нерӯи зеҳнӣ-илмиро муттаҳид намуда, ба ташаккули кадрҳои илмӣ-педагогӣ ва пешрафти соҳаҳои дигари хоҷагии халқ мусоидат намуд. Ҳамчун боргоҳи илмию маърифатӣ ва фарҳангӣ омили пешрафти ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаи кўҳистон гардида, барои тарбияи ахлоқӣ, ташаккули худшиносии миллӣ, тақвияти маънавиёт ва маърифати аҳли ҷомеа заминаи устуворро фароҳам овард.

Ҳамин тавр, метавон хулоса намуд, ки таҷрибаи се даҳсолаи давлатдорӣ нишон медиҳад, ки суботи сиёсӣ омили муайянкунандаи рушди давлатдорӣ буда, рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва дар маҷмуъ аз он вобастагии ногусастанӣ дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон имруз ба ҳайси як давлати ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуда, пойтахти он шаҳри Душанбе макони чорабиниҳои сатҳи байналмилалию минтақавӣ гардидааст. Бо татбиқи барномаҳои миёнамуҳлати «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мамлакати мо ба яке аз давлатҳои тарақикардаи минтақа ва ҷаҳон табдил хоҳад ёфт.

АКС аз бойгонии муаллиф

Июнь 27, 2023 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

МОҲИПАРВАРӢ АЗ ҶИҲАТИ ДАРОМАДНОКӢ ДАР ҶОЙИ АВВАЛ МЕИСТАД. Бадахшон метавонад дар парвариши гулмоҳӣ пешсаф гардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли зиёди консерваи бодирингу помидор тавсия дода намешавад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» василаи муҳимми густариши худшиносии миллӣ ва болоравии маърифати ҳуқуқӣ аст
ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Дар Тоҷикистон имсол дар майдони беш аз 6 ҳазор гектар картошка кишт гардид
ЭЪТИРОФИ СИЁСАТИ ОЯНДАБИНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶОНИБИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳои ходими адабии АМИТ «Ховар» дар ин хусус
Чӣ бояд кард то дар фасли тобистон кӯдакон ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор нашаванд?
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» неру ва тавоноии Артиши миллиро тақвият мебахшад
ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Дар Тоҷикистон имсол зиёда аз 196 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Интихоби маҳсулоти бенуқсон яке аз шартҳои асосии риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми тайёр кардани консерва мебошад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Ҳадафи ин иқдом тарғиби либоси миллӣ ва ҷалби тарроҳон ба муосиргардонии он мебошад
НАЗАРИ КОРШИНОС. Созмони ҳамкории Шанхай зимни қабули тасмимот мавқеъ ва манфиатҳои тамоми мамлакатҳои узвро ба инобат мегирад ва эҳтиром менамояд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ВОРИСИ АРЗАНДАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Маротибаи аввал дар таърихи давлатдории Чин мукофоти олии давлатӣ берун аз кишвар тақдим карда шуд