«RUSSIAN JUDO TОUR». Варзишгари Тоҷикистон Абубакр Шеров медали тилло ба даст овард
ДУШАНБЕ, 26.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аъзои дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон Абубакр Шеров дар мусобиқа байналмилалии ҷудо «Russian judo tоur — Челябинск-2023» медали тилло ба даст овард. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ӯ дар вазни -73кг то расидан ба финал Даниил Тошев (Москва), Шамил Умаев (Тюмен), Магжан Алжанов (Қазоқистон), Буян-Херел Санаа (Тюмен) ва Шамил Зулфиқоровро (Тюмен) мағлуб намуд.
Дар финал Абубакр Шеров Дмитрий Корпухин аз Свердловскро шикаст дода, ҷои аввалро сазовор гардид.
Дар вазни -66кг Суҳроб Боқиев пас аз ду пирӯзӣ бар Михаил Нелюбин (Челябинск) ва Алдияр Ерешов (Қазоқистон), дар чорякфинал аз Иван Черних (Санкт-Петербург) ва дар қувваозмоии тасаллобахш аз варзишгари Арманистон Егиазар Карапетиан мағлуб шуд.
Варзишгари дигари Тоҷикистон Ҳақдод Гулов дар даври аввал аз Ким Айрапетян (Свердловск) шикаст хӯрд.
Дар мусобиқа 517 варзишгар аз Русия, инчунин Қазоқистон, Тоҷикистон, Муғулистон, Чин, Арманистон, Покистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Беларус, Сербия, Юнон, Исроил, Лихтейнштейн, Молдова, Ҷазираҳои Комор ва Судан иштирок намуданд.
Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд. Фонди умумии ҷоизаҳо 7,3 миллион рубли русиро ташкил медиҳад.
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






