Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон

Июнь 2, 2023 08:54

ДУШАНБЕ, 02.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. 2 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Саммити дуюми сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» ба шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон сафар намуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Вазири рушди иқтисод ва савдо ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

Июнь 2, 2023 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара майдонҳои муосири варзишӣ ва бозии кӯдаконаро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 95-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Маркази ташхисии минтақавии Агентии «Тоҷикстандарт»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Нозироти андозро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли равғанро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Cокина ва китобхонаи деҳаи Хуррамзаминро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён ба сохтмони корхонаи нави семент санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти се коргоҳи нави истеҳсолии ҶДММ «Парки инноватсионии саноатию технологии шаҳри Левакант» оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бинои нозироти андоз ва бинои нави иловагии таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант ба фаъолияти корхонаи истеҳсолии «Хишти диёр» оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони осоишгоҳ дар шаҳри Левакант шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иншооти таъйиноти гуногунро дар ноҳияҳои Ёвон ва Хуросон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд