САЙРИ ҶАҲОНИИ ҶУДО: Мунтахаби Тоҷикистон дар Гранд Слами Уланбатор иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 20.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар мусобиқаи навбатии «World Judo Tour» – Гранд Слами Уланбатор 2023 (Муғулистон) дар ҳайати 7 нафар иштирок менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа дар байни мардҳо, аз ҷумла Муҳаммадсолеҳ Қувватов (дар вазни -60 кг), Меҳрзод Суфиев (дар вазни -60 кг), Обид Ҷебов (дар вазни -66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (дар вазни -73 кг), Сомон Маҳмадбеков (дар вазни -81 кг), Комроншоҳ Устопириён (дар вазни -90 кг) ва Мансур Раҳмон (дар вазни +100 кг) намояндагӣ менамоянд.
Мусобиқа 23-25 июн бо иштироки ҳудуди 400 варзишгари беш аз 45 давлат баргузор мешавад.
Фонди умумии ҷоизаҳо 154 000 евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 5 000 евро, барандагони медали нуқра 3 000 евро ва медали биринҷӣ 1 500 евро ҷоизапулӣ дарёфт менамоянд. Ҳамчунин шуруъ аз Гранд Слами Уланбатор дар раддабандии олимпӣ холшумории садфоиза оғоз мешавад. То ин вақт 50 фоизи холҳои варзишгарон ҳисобида мешуд.
Ҳамин тариқ, варзишгарон як соли дигар – то 25 июни соли 2024 имкон доранд барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ талош намоянд.
Дар асоси раддабандии олимпӣ, аз 25 июни соли 2024 дар ҳар вазн 18 нафар, бо дарназардошти як варзишгар аз як давлат, соҳиби роҳхати олимпӣ мешаванд.
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






