Сардори Хадамоти иҷро Барно Саидвализода: «Эмомалӣ Раҳмон марди қавл будани хешро бо сухан не, бо амал собит сохтанд»

Июнь 26, 2023 15:29

ДУШАНБЕ, 26.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ақидае ҳаст, ки ҳама чиз дар қиёс маълум мегардад. Аз ин лиҳоз, моро басанда аст, ки бо як назаркард ба вазъи сиёсии ҷаҳони дар ҳар лаҳза тағйирёбанда бузургтарин неъмат будани ваҳдату ҳамбастагиро барои ҳар як халқу миллат эътироф намоем. Миллати шарафманди тоҷик солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар рӯёрӯйи вазъияти бисёр душвор қарор гирифт. Дар ҳамон шабу рӯзҳо дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ даъват гардид. Билохира, ақли солим боло гирифту монеаҳо аз миён бардошта шуданд ва дар ин  Иҷлосияи таърихию тақдирсоз, ки дар ҳаёти давлати мо  марҳилаи навро оғоз бахшид, баргузор гардид. Беҳтарин тасмими вакилони иҷлосия ба маснади Раиси Шӯрои Олӣ интихоб намудани фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Чунин ибрози андеша намудааст  сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Барно САИДВАЛИЗОДА. Дар зер матни пурраи мақолаи ба АМИТ «Ховар» ирсолнамудаи номбурда оварда мешавад.

— Вакили мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорату шуҷоат ва ҳақгӯйию ҳақталошии худ бо суханрониҳояшон аз минбари Шӯрои Олӣ на танҳо барои вакилон, балки барои тамоми мардуми мамлакат чеҳраи аллакай ошно буданд.  Мардум ба он кас  муҳаббат доштанд. Ҳамин буд, ки мардум дар симои муборакашон наҷотбахши худро диданд ва хато накарданд.

Раиси тозатаъйини Шӯрои Олӣ дар нахустсуханронии худ ба мардум муроҷиат карда, дилпурона ваъда доданд, ки барои мардуми шарифи хеш сулҳро ба армуғон меоранд ва барои баргардонидани то охирин гуреза талош хоҳанд намуд. Марди қавл будани хешро бо сухан не, бо амал собит сохтанд, ки ин обрӯву нуфузи онҳоро дар миёни мардум боло бурд ва муҳаббаташонро садчанд афзуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиатҳои хеш ба мардум гаштаю баргашта таъкид менамуданд, ки агар мо сарҷамъ нашавем, аз як гиребон сар набарорем ва манфиати давлату миллатро аз манфиати маҳаллию мазҳабию ҳизбию гурӯҳӣ боло нагузорем,  ба мақсадҳои дар пешгузоштаи худ, ки шомили хотима бахшидан ба даргириҳо, баргардонида овардани гурезаҳо, аз нав ба таври муназзам ба роҳ мондани фаъолияти сохторҳои давлатӣ, ҳифзи истиқлол ва таъмини якпорчагии миллату давлат аст, расида наметавонем.

Баъдан барои таҳкими пояҳои иттиҳоду ҳамбастагӣ Роҳбари давлат зарур донистанд, ки шахсан ба нуқтаҳои доғу даргир бираванд ва бо мардуми худ мулоқоту суҳбати ошкоро доир намуда, ҳадафҳои муҳими ҳукумати тозатаъйинро бозгӯ бикунанд ва барои татбиқи онҳо ҳамраъйӣ ва саъю талоши дастаҷамъонаро тақозо намоянд. Чунин амалкард натиҷаи дилхоҳро ба бор овард.

Ҳар як тадбири Сарвари давлат дар заминаи таҳлилу баррасии амиқи вазъи ҳукмфармо ва бо дараназардошти муҳимияти он ҳадафмандона ва самаровар роҳандозӣ мегардид. Яъне бо ба вуҷуд овардани ҳамдилию ҳамфикрӣ дар миёни мардум ва ҳукумати мамлакат хотима бахшидан ба даргириҳою таъмини сулҳу суботро вазифаи аввалиндараҷаи хеш қарор доданд.

Ин шеваи корбарии  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки он вақт хеле ҷавон буданд, бисёр хирадмандона ва беназир буд. Зеро дар муборизаҳои мусаллаҳонаи сиёсӣ  таърих ками дар кам ёд дорад, ки тарафи ғолиб бидуни таъхир тарафи дигарро бубахшад, бо он сари музокирот нишинад ва дар умри давлатдорӣ ба ҳамкорӣ даъват намояд.

Роҳбари тоҷикон, ки дили чун оина пок доштанд ва дурандешу ояндабин буданд, бо хиради азалие, ки доштанд, вазъияти ҳукмфарморо дуруст таҳлил кардаву оқибати ногувори идомаи даргириҳоро пешгӯйӣ карда тавонистанд. Дарк карданд, ки бо чунин сурат идома ёфтани вазъ на танҳо ҷумҳуриро харобу валангор месозад, балки метавонад барои аз миён рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон боис гардад.

Маҳз аз ҳамин хотир, саъю талош намуданд, ки ҳарчи зудтар музокироти миёни тарафҳо ба роҳ монда шавад ва аз созмонҳои бонуфузи байналмилалию давлатҳои таъсиргузор даъват ба миён оварданд, ки ҷиҳати ба роҳ мондани ин тадбири муҳим мусоидат намоянд.

Инак,  26 сол  мешавад, ки дар Тоҷикистон мардум дар фазои  ҳабастагию сулҳу ваҳдат зиста, барои обод намудани сарзамини аҷдодии хеш камари ҳимат бастаанд.

26  сол аз нигоҳи таърих муддати тӯлонӣ нест, аммо мо тавонистем зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои давлати навину соҳибистиқлолро устувортар гардонем, Ваҳдати миллиро таҳким бахшем,  волоияти қонунро таъмин намоем, корхонаҳои хурду бузургро бунёд созем, роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллию минтақавию байналмилалиро азнавсозию бунёд намоем, фарҳангу маорифро аз самтҳои афзалиятнок қарор диҳем, ҳифзи иҷтимоии аҳолиро боз ҳам хубтар гардонем, ватани ба ҷон азизи худро бештар аз пештар ободтару зеботар гардонем.

Муҳим барои ҳамеша пойдор нигоҳ доштани дастоварди беназири миллат – Ваҳдати миллию ҳамдилию ҳамбастагӣ ва ба Роҳбари давлат содиқ будану ба ин хоки муқаддас муҳаббат варзидан аст. Агар ин ҳама муҳайёст, метавонем дилпур бошем, ки мо ба ҳама ҳадафҳои наҷиби давлатсозии хеш мерасем.

АКС: Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 26, 2023 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Омилҳои пайдоиши диабети қанд ирсӣ, фарбеҳӣ ва фишорбаландӣ мебошанд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ роҳнамои ҷавонон ба сӯи ояндаи дурахшон аст
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» рамзи эҳтиром ба заҳмати омӯзгор аст
Инноватсия ва зеҳни сунъӣ – пояи нави идоракунии давлатии муосир
ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ-АБЗОРИ МУҲИМИ ТАҚВИЯТИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Чанд мулоҳиза дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Паёми Президенти Тоҷикистон тақвиятбахши худогоҳии миллӣ дар пояи созандагию бунёдкорӣ мебошад
Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия ва амалӣ мегардад
ХУРОФОТУ БЕГОНАПАРАСТӢ-ХАТАР БА РУШДИ БОСУБОТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Либоси миллӣ яке аз рукнҳои муҳими фарҳанги миллат маҳсуб мешавад
Паёми Президенти Тоҷикистон: омили таҳкими давлатдорӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ
ҚОНУН «ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР». Қабули он далели таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба тарбиятгарони насли наврас аст
Паёми Президенти Тоҷикистон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ: заминаҳои таърихӣ, моҳият ва зарурати он барои имрӯз