Саридораи геологияи Тоҷикистон дар мавзуи «Усулҳои муосири кор бо маълумоти геологӣ» машварати омӯзишӣ баргузор намуд

Июнь 8, 2023 20:02

ДУШАНБЕ, 08.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Усулҳои муосири кор бо маълумоти геологӣ» машварати омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Машварати омӯзишӣ аз ҷониби Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ширкати бритониёгии «Seequent» баҳри татбиқи супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақсади иҷрои муваффақонаи «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ташкил карда шуд.

Дар машварат мутахассисони Саридораи геология ва корхонаҳои зерсохтори он, роҳбарон ва намояндагони зиёда аз 60 ҷамъияту ширкати ватаниву хориҷӣ, ки ба омӯзиши геологӣ ва каркарди конҳои канданиҳои фоиданок машғуланд, иштирок карда, ба онҳо усулҳои муосири кор ва коркарди геологӣ, геофизикӣ, геохимиявӣ ва дигар намудҳои маълумот, тамоюлҳои асосӣ ва навтарин асбобҳои рақамӣ дар соҳаи геология ва саноати кӯҳӣ омӯзонида мешаванд.

Машварати омӯзишӣ ду рӯз, аз 8 то 9 июн идома карда, дар он оид ба мавзӯъҳои баррасии тамоюлҳои ҳозираи кор бо маълумоти геологӣ; таҷрибаи ҷаҳонии кор бо маълумоти геологӣ дар ҳамаи марҳалаҳои давраи фаъолияти объект: аз ҷустуҷӯ, иктишоф, ҳисоб кардани захираҳо, то истихроҷ ва аз нав барқароркунии замин; марҳилаҳои ҷустуҷӯ: нигаҳдории ягонаи маълумот; рақамикунонии маълумот; муттаҳид кардани намудҳои гуногуни маълумот: геологӣ, геофизикӣ, геохимиявӣ ва ғайра; ба нақша гирифтани корхои ҷустуҷӯи ва иктишофӣ; марҳилаҳои иктишоф: банақшагирӣ ва тарҳрезии пармачоҳ; ҷамъоварии маълумоти корҳои геологӣ-иктишофӣ; таҳлили натиҷаҳои корҳои геологӣ-иктишофӣ; марҳилаи баҳодиҳӣ ва ҳисобкунии захираҳо: баҳодиҳии таъҷилии захираҳо ва амсиласозии (моделсозии) геологӣ; воситаҳои муосири арзёбии захираҳо, ҳисоб кардани захираҳо барои ҷалби маблағҳои сармоягузорӣ; марҳилаҳои истихроҷ ва аз нав барқароркунии замин, шинос мешаванд; пайваст кардани харитаҳо, нақшаҳо ва буришҳо барои визуализатсияи 3D ва тасдиқи байнисоҳавӣ; эҷоди амсилаи геологӣ аз рӯи маҷмӯи харитаҳои таърихӣ ё буришҳо; Тасвир кардани нақшаи тахминии марзи ҷисмҳои маъданӣ нисбат ба файзнокӣ; ворид намудани маълумоти геофизикӣ ба лоиҳа ва кор бо онҳо; баррасии мухтасари раванди баҳодиҳии захираҳо; банақшагирӣ ва тарҳрезии пармачоҳҳои ҷустуҷӯӣ ва иктишофӣ рӯнамоӣ карда мешавад.


Машварати омӯзиширо директори техникии ширкати «Seequent», геолог Александр Фролов гузаронида, ба иштирокдорон Сертификат дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ аз 26 январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иброз намуда буданд, ки «Дар Тоҷикистон беш аз 600 кон ва 800 зуҳурот кашф ва омӯхта шудааст, ки дорои зиёда аз 60 навъи ашёи хоми маъданиву ғайримаъданӣ мебошад. Ҳоло ҳамагӣ 27 фоизи захираҳои зикршуда истихроҷ ва коркард шуда истодааст, ки чунин ҳолат барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии мо қонеъкунанда нест. Бинобар ин, зарур аст, ки Саридораи геология корҳоро дар самти омӯзиши геологӣ, гузаштан ба стандартҳои байналмилалии ҳисоби захираҳо, истифода, азнавбарқароркунӣ ва ҳифзи захираҳои ашёи минералӣ, инчунин, назорати равандҳои хатарноки геологӣ ва мониторинги обҳои зеризаминиро тақвият бахшад».

Дар ин росто, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор шуда буд, ки ҷиҳати гузариш ба стандартҳои байналмилалии ҳисоб намудани захираи канданиҳои фоиданок, ба таври пурра татбиқ намудани барномаҳои муосири баҳисобгирии захираи канданиҳои фоиданок ва васеъ ҷорӣ кардани чунин барномаҳо дар соҳа чораҳои судманд андешад.

Гузариш ба стандартҳои байналмилалии ҳисобот (кодекси JORC ва қолаби CRIRSCO) ва ҳисоби захираҳо бо истифода аз барномаҳои муосири компютерии кӯҳӣ-геологӣ (Micromine, Datamine, Surpac) барои зиёд намудани захираҳои канданиҳои фоиданок ва ба ин васила афзун гардонидани базаи ашёи минералӣ, инчунин барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармоя ва дастгирии бахши хусусӣ, инчунин пурзӯр намудани кафолату уҳдадориҳои сармоягузорон мусоидат менамояд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: Маркази матбуоти Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 8, 2023 20:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ АНГИШТКАНОН. Истихроҷи ангишт то ба 3 миллион тонна расонида мешавад
Дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»-и шаҳри Турсунзода мавсими тайёр кардани мавиз оғоз гардид
Рақамикунонӣ — омили муҳими рушди бехатарии озуқаворӣ дар сарҳад ва нақлиёт
Ширкати «Жонгшан»-и Чин дар Тоҷикистон ҳавзҳои муосири моҳидорӣ бунёд менамояд
«РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ ҷаласа баргузор гардид
«СИЁСАТИ НУРАФЗО». Таҳти ин унвон доир ба нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи энергетика китоби нав ба нашр расид
Татбиқи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера дар Душанбе баррасӣ шуд
Имрӯз парвози мустақим дар хатсайри Душанбе–Минск оғоз гардид
Ташаккули сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлоли давлатӣ баррасӣ гардид
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва Бонки рушди Авруосиё санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд
«РАҚАМИКУНОНИИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ». Дар форуми байналмилалӣ 12 санади ҳамкорӣ имзо шуд