Шарҳи матбуоти даврӣ аз АМИТ «Ховар»

Июнь 15, 2023 15:31

ДУШАНБЕ, 14.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст. Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд. Онҳо хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, бадалшавии идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд» — иқтибос аз суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик, ки 10 марти соли 2012 баргузор шуда буд.

 

«Ваҳдати миллӣ шиор не, шуур бояд бошад»

Дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» аз 12 июни соли равон, мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Агентии миллии иттилоотии Қатар нашр  шудааст. Пешвои миллат ба саволи журналистони  Қатар оид ба ҳамкории сиёсӣ байни ду давлат  ва назари умумӣ ба мушкилот ва буҳронҳои мухталифи минтақавию байналмилалӣ, ҷавоб доданд, ки: «Тоҷикистон ва Қатар ҳамкории судмандро дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба роҳ монда, аз ташаббусҳои ҳамдигар дар арсаи байналмилалӣ ҷонибдорӣ менамоянд. Зимнан ба Давлати Қатар барои дастгирии доимӣ аз иқдомҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаҳои обу иқлим ва амнияти минтақавӣ арзи сипос менамоем. Ҷонибдории кишвари дӯстро ҳамчунин аз ташаббуси панҷуми глобалии мо дар хусуси эълон кардани соли 2025, Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо қадрдонӣ менамоем. Дар мавриди ҳалли буҳронҳо Тоҷикистон гуфтушунидҳоро ягона роҳи ҳалли мусолиматомез медонад. Дар ин замина мо талошҳои созандаву дипломатии кишвари бародарро дар ҷодаи таъмини сулҳу амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ қадрдонӣ менамоем». Дар ҳамин шумораи нашрия мақолаи ходими давлативу ҷамъиятӣ Амиршо Миралиев бо сарлавҳаи «Ваҳдати миллӣ шиор не, шуур бояд бошад» чоп шудааст. Муаллиф мулоҳизаҳои худро бо ин хулоса изҳор кардааст: «Ҳар як миллат ва давлат ба андеша, мафкура ё худ ғояи умумимиллӣ ниёз дорад, то он қутбнамое барои пешрафту тараққиёти минбаъда бошад. Вобаста ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид карданд: «Ғояи сиёсиву мафкуравии мо ваҳдат, ягонагӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва ободонии Ватани азизамон мебошад».

Шумораи дигари нашрияи «Ҷумҳурият» аз 13 июни соли 2023 бо сарлавҳаҳои «Ғарибошно бошему сайёҳдӯст», «Аз иттиҳод то ҳамбастагӣ», «Пояи давлат нагардад бе маориф устувор», «Оила, аз хушунат то ҷудоӣ» мақола нашр карда, номаи сипоси хонандаи гимназияи хусусии  «Кафолат» Фараҳноз Сулаймонзодаро «Ҳазор ташаккур ба Пешвои миллат» пешниҳоди хонандагони нашрия кардааст.

Шумораи дигари «Ҷумҳурият» (14 июни соли 2023) аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибоси зеринро таҳти рубрикаи «Сухани рӯз» чоп кардааст: «Хадамоти алоқа вазифадор аст, ки якҷо бо ширкатҳои дар соҳа фаъолияткунанда барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои дурдаст тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд». Дар идомаи мавзӯъ мақолаи Раҳмони Гулзор бо сарлавҳаи «ВМКБ, чаро суръати интернет паст аст?» нашр шудааст. Муаллифи мақола навиштааст, ки: «Аз сол ба сол баланд шудани арзиши хизматрасонии ширкатҳои мобилӣ мизоҷон барҳақ шикоят доранд, зеро бе пешниҳоди сифати баландтар ва ё навъи хизматрасонӣ боло бурдани нарху наво мантиқан нодуруст аст… Оё рӯзе мерасад, ки алоқаи мобилӣ дар мо ҳам бо суръату сифаташ ба меъёрҳои байналмилалӣ баробар мешавад? Чӣ намерасад, ки мушкилоти ҷойдошта ҳалли мусбати худро пайдо намояд? Ин саволҳо дар сари ҳар яки мо доимо чарх мезананд ва ҳеҷ не, ки ҷавобашро пайдо намоем».

«Минтақаи Кӯлоб: чаро қарзи барқ рӯ ба афзоиш аст?»

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» хабарҳои расмиро дар бораи 16 июни соли ҷорӣ баргузор гардидани Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, мулоқоти муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Маҳмадалӣ Ватанзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар, вохӯрии раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон Квон Донг Сок нашр карда дар мавзӯи афзоиш ёфтани қарзи истифодаи барқ дар минтақаи Кӯлоб, сабабҳо ва роҳҳои ҳалли ин мушкилот мақолаи таҳлилӣ пешниҳоди хонандагон кардааст.

«Идеологияи миллӣ ва такмили мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ»

Нашрияи «Народная газета» дар шумораи навбатӣ хабару гузоришҳои расмиро аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиву варзишии малакат нашр кардааст. Мақолаҳои  «Нерӯи мо дар муттаҳидии халқ аст», «Хатару таҳдидҳои созмонҳои экстремистӣ», «Душанбе — шаҳри дустӣ, хушбахтӣ ва сулҳ» ва дигар маводҳои нашрия аз ҷониби мухлисон хуб пазируфта хоҳанд шуд.

Ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» бо сарлавҳаи «Вақте бегонагон эътироф мекунанд ё чаро аҳли зиёи кишвар симои Пешвои миллатро ба гунаи нав ҷилва намедиҳанд?» мақола нашр кардааст. Муаллиф Х.Ховарӣ менависад: «Аз омӯзгорони макотиби миёна сар карда, то профессору академикҳо вақте дар бораи Пешвои миллат менависанд, фақат такрори ҳамин мазмун аст, ки Роҳбари давлат кишварро аз вартаи нобудӣ раҳонид ва ба сулҳи пойдор расонид. Гӯё бо ҳамин хизматҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хулоса мешавад. Билфарзи мисол дар арафаи идҳо тариқи телевизионҳои давлатӣ он наворҳое намоиш дода мешаванд, ки аз солҳои мудҳиши ҷанги бародаркуш бардошта шудаанд. Дар радиову дигар барномаҳои телевизионӣ низ вақте ходимони сиёсӣ даъват мешаванд аз ҳамон ҳодисаҳои хунин ёдоварӣ мекунанд… Дар ҳоле ки агар барқарор кардани сулҳи пойдор, мустаҳкам кардани пояҳои истиқлоли давлатӣ, эҳёи Артиши миллӣ, барқарории иқтисоди миллӣ ва чанд рукни муҳими дигар дар 5-10 соли аввали роҳбарими Президенти кишвар ба вуқуъ омада бошанд, дар 20 соли минбаъда мо шоҳиди корҳои бузурге гаштем…». Идомаи мақоларо метавон аз саҳифаи нашрия мутолиа кард.

Нашрияи «Омӯзгор» оид ба дастовардҳои иштирокдорони олимпиадаҳои фаннӣ ва сифати таҳсилот хабару пешниҳод чоп карда, бо сарлавҳаҳои «Идеологияи миллӣ ва такмили мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ» ва «Оё мафкураи динӣ идеологияи миллӣ шуда метавонад?» мақолаҳои таҳлилии ҷолиб барои хонандагони худ пешниҳод кардааст.

Акрам Сангзода,
АМИТ«Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Июнь 15, 2023 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТЗАЛ. Барои мураббиён машғулиятҳои омӯзишии «Level-2» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳи ташхиси партовҳои обӣ ба истифода дода шуд
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо унвони «Профессори фахрӣ»-и ду донишгоҳи Чин сарфароз гардид
ПАРЧАМИ МО ПАРФИШОН АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ! Дар Душанбе ҳамоиши ҷашнии ҷавонону варзишгарон баргузор шуд
Дар Хуҷанд доир ба масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот конференсияи минтақавӣ баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллӣ вобаста ба Парчами давлатӣ-рамзи соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Форуми Осиёи Марказӣ «Tech Jam 2024» баргузор шуд
Дар ноҳияи Мурғоб неругоҳи барқи офтобӣ сохта мешавад
«АДОИ ХИЗМАТ ДАР САФИ АРТИШИ МИЛЛӢ-РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДӢ!». Таҳти ин унвон ҳамоиши ҷавонон баргузор гардид
ТАҲТИ ҲАМИН ПАРЧАМ БА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ РАСИДЕМ. Дар Кумитаи забон ва истилоҳот ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН! Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд