Ширкати «Преноли»-и Русия бо Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» дар бунёди корхонаи истеҳсоли доруворӣ ва шарбати мевагӣ ҳамкорӣ менамояд

Июнь 23, 2023 14:44

ДУШАНБЕ,23.06.2023/АМИТ «Ховар»/. Байни Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб», ширкати «Преноли» –и Русия ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Растани Инно» дар самти бунёди корхонаи истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳои шифобахш ва шарбатҳои мевагӣ Ёддошти тафоҳуми се ҷониба оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Санади мазкур дар вохӯрии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода ва муовини Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Русия Волвач Дмитрий дар Душанбе ба имзо расонида шудааст.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкории тиҷоратию сармоягузорӣ тавассути ташкили муколамаи озод байни соҳибкорону сармоягузорон ва дар ин замина дарёфти роҳҳои нави корӣ дар самти ташкили корхонаҳои муштарак баррасӣ гардид.

Инчунин намояндагони мақомоти давлатии Тоҷикистон ва Русия имкониятҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиётро муҳокима намуданд.

Аз ҷониби доираҳои бахши хусусии ҳар ду давлат лоиҳаҳои мушаххаси ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, технологияҳои иттилоотӣ, дорусозӣ ва шаҳри ҳушманд муаррифӣ гардид.

Гуфта шуд, ки ба рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ, ҷалби сармояву воридоти технологияҳои муосир ва тақвияти ҳамкории дуҷонибаи иқтисодию сармоягузорӣ мусоидат менамояд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 23, 2023 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид