Созишномаи Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ — санади нодири ҳуқуқӣ
ДУШАНБЕ, 27.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз нахустин рўзҳои ба даст овардани соҳибистиқлолӣ Ватани маҳбуби мо ба душвориҳои зиёд дучор шуд. Дар мамлати мо низоъҳои дохилӣ оғоз гардид ва ҳатто хатари парокандашавии давлати мо аз эҳтимол дур набуд.
Танҳо ба шарофати заҳмату талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қувваҳои мухталифи сиёсӣ ба ҳам оварда шуда, дар кишварамон сулҳу субот таъмин гардид ва хатари парокандашавии миллат пешгирӣ карда шуда, имконият ба вуҷуд омад, ки мо ба бунёди давлатдории навини худ оғоз бахшем.
Бесабаб нест, ки Президенти мамлакат дар яке аз баромадҳои худ таъкид намуда буданд, ки “дастовард ва комёбии бузурги замони истиқлол ин наҷоти миллату давлат аз хатари нестӣ мебошад” .
Таъкид намудан ба маврид аст, ки муяссар шудан ба сулҳу субот ва рўи як миз овардани гурўҳҳои ба ҳам зид ва ноил шудан ба Ваҳдати миллӣ кори саҳл набуда, иродаи матин ва ҷаҳду талоши зиёдро талаб мекард.
Ба хатари ҷонӣ нигоҳ накарда, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти басо мураккаби сиёсӣ ба шаҳри Кобул ва деҳаи Хусдеҳи вилояти Толиқони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барои ба даст овардани сулҳи комил сафар намуд ва дар он ҷо 19 майи соли 1995 бо дарки хатари ҳалокатбори муқовимати низомию сиёсӣ ва масъулияти бузург дар назди ояндаи миллати тоҷик ба хотири ноил гардидан ба сулҳу субот изҳороти муштарак қабул гардид.
Дар маҷмўъ барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии мамлакат ва хомўш сохтани ҷанги шаҳрвандӣ, бо ташаббус ва кўшишҳои пайвастаи роҳбарияти олии сиёсии мамлакат бо дигар ҷониб 21 маротиба музокира анҷом дода шуда, 40 ҳуҷҷати муҳим ба имзо расид. Ин ҳама барои бастани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки дастоварди нодиртарини халқи тоҷик мебошад, замина гузошт ва ҳоло таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба мактаби омўзиш табдил ёфтааст.
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таърихи миллати куҳанбунёдамон ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ ва воқеаи нодиру фараҳбахши ҳаётӣ маҳсуб ёфта, баҳри пойдории сулҳу суботи комил дар ҷумҳурии маҳбубамон заминаи воқеию ҳуқуқӣ гузошт ва дар як вақт барои мустаҳкам намудани андешаҳои солими давлатдории миллӣ дар афкори ҷомеа нақши босазо бозид.
Муҳим он буд, ки 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расида, шароити мусоид ва кафолати воқеиро барои ба Ватан баргаштани гурезаҳо ва муҳоҷирон ба миён овард.
Имрўз ба таърихи начандон тўлонии давлатдории навинамон назар андўхта, исботи онро мебинем, ки пояи Ваҳдати миллӣ дар сарзамини ниёгонамон устувору бегазанд буда, ин ҷавҳари муқаддас дар сиришти миллати фарҳангдўсту сулҳпарвари тоҷик маъно ва асолати ватандўстиро тарбия намуда, ба ташаккули олитарин таровишҳои вуҷуди инсонӣ ба мисли меҳру вафо ва дўстиву ҳамдигарфаҳмӣ заминаи боэътимоду қавӣ гузошт.
Бо шукргузорӣ аз файзу баракати сулҳу суботи комил мо давлати нав ва ҷомеаи нави шаҳрвандӣ бунёд карда истодаем, ки бешубҳа дар ин низом, муносибатҳои ҷамъиятию сиёсӣ, шуур ва қобилияти фикронии инсон аҳамияти куллан навро пайдо намуда, сатҳи тафаккур, таҳаммулпазирӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллии ҷомеа торафт густариш меёбад.
Пойдории сулҳу субот ба рушди устувори соҳаҳои иқтисодӣ — иҷтимоӣ ва сиёсию ҳуқуқии мамлакат мусоидат намуда, обрў ва нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол рўз аз рўз дар арсаи байналмилалӣ боло гардида, давлати мо ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст.
Ягона омиле, ки шароити сулҳро дар Тоҷикистон пойдор намуд, дар самарабахш истифода бурдани шакли шартномавии ҳуқуқ зоҳир мешуд. Чунонки аз матни Созишномаи умумии сулҳ ва дигар ҳуҷҷатҳои таркибии он бар меояд, дар мавриди аввал масъалаи ҳуқуқӣ – таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои инсон мебоист ба эътибор гирифта мешуд ва ҳалли дигар масъалаҳои умда, аз ҷумла проблемаи репатриатсияи гурезагону муҳоҷирон, пешгирӣ кардани равияҳои ҷудоихоҳӣ, нигаҳ доштани мувозинати неруҳои сиёсӣ ва густариши идеяҳои демократия бевосита бо он алоқманд буданд. Аҳамияти ҳуқуқии Созишномаро боз аз он ҷиҳат эътироф кардан мумкин аст, ки дар таркиби КОМ ба уҳдаи зеркомиссияи ҳуқуқӣ бори вазнини масъулияти таъмини сулҳ ва пешгирии нофаҳмиҳо вогузор шуда буд: татбиқи Санади ҳамдигарбахшӣ ва қонун оид ба авф, назорат дар мавриди ҷойгиркунонии сифоизаи намояндагони ҷониби дигар дар сохторҳои ҳокимият, ба референдум пешниҳод кардани тағйироти конститутсионӣ, ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳо оид ба ҳизбҳои сиёсӣ ва воситаҳои иттилооти омма, интихоботи парламент, бартараф намудани маҳдудиятҳо роҷеъ ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсии манъшуда ва ғайра. Муҳимтарин масъалҳои мавриди баррасии зеркомиссияҳои дигар — халъи силоҳ ва парокандасозии гурўҳҳои мусаллаҳ, ислоҳоти сохторҳои қудратии ҳукуматӣ, бозгардонии гурезаҳою муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан ва таъмини амнияти онҳо маҳз аз фаъолияти зеркомиссияи ҳуқуқӣ вобаста буданд.
Дар як муддати кўтоҳ ба таври принсипиалӣ ҳаллу фасл гардидани нуқтаҳои асосии Созишомаи сулҳ, истифодаи дурусту ба мавқеи шакли шартномавии ҳуқуқ боиси он шуд, ки дар тўли 5 соли баъди имзои Созишномаи умумӣ умдатарин проблемаҳои ҳаётию сиёсию иқтисодии мамлакат муайян ва ҳал шуданд: аввалан, иттиҳоди миллат дар сатҳи байниминтақавӣ ба даст омода, ҳамагуна равияҳои ҷудоихоҳӣ пешгирӣ карда шуданд; дуюм, кафолати асоситарин ҳуқуқҳои инсониву шаҳрвандӣ ба табақаҳои гуногуни аҳолӣ, аз ҷумла занону кўдакон таъмин гардид ва ин ҷараён идома дорад; саввум, маданияти демократӣ ҳангоми қабули қарорҳо дар ҳама соҳаҳо ташаккул ёфт; чаҳорум, имконияти мусоид барои ривоҷи соҳибкории хусусӣ муҳайё гардид.
Дар ин байн ба ихтилофи шадиди назарҳо дучор омадани проблемаи дигар — проблемаи ҳамчун қувваи сиёсиву ҳарбӣ эътироф намудани ҳамдигар технологияи консенсусро душвор гардонд. Ҳукумат барои ҳамчун қувваи ягонаи ҳарбию сиёсӣ эътироф намудани ҷониби дигар, аз ҷумла гурўҳҳои мусаллаҳи он дар ҳудуди Афғонистон ҳанўз омода набуд. Ба қавли ин ҷониб, бо оппозитсияи дохилӣ забон ёфтан имконпазир аст, аммо гурўҳҳои мусаллаҳе, ки дар Афғонистон мавқеъ доранд, баъди халъи силоҳ ба сифати гурезаҳо бояд баргардонида мешуданд. Ҳамин тариқ, аз нимаи соли 1993 то моҳи апрели соли 1994 ҷараёни наздиккунонии ақидаҳо ва мавқеъҳо идома ёфт ва нахустин даври гуфтушунид 5-19 апрели соли 1994 баргузор гардид. Гурўҳи аввали масъалаҳоро метавон омилҳои дохилӣ номид, ки ба андешаи мо, ба омилҳои ҳарбӣ, психологӣ ва этнологӣ ҷудо мешаванд. Омили ҳарбӣ гуфта, мо ҳаминро дар назар дорем, ки дар тамоми рафти гуфтушунидҳои беш аз се сола задухўрдҳо пайваста идома доштанд, ки матлаби сиёсии он бевосита таъсир расонидан ба ҷараёни музокирот буд.
Таҳти омили психологӣ ҳаминро дар назар доштан лозим аст, ки музокирот вақте оғоз гашт, ки низои ҳарбии мусаллаҳона натиҷаҳои мудҳиш дода буд: беш аз даҳҳо ҳазор қурбониён, садҳо ҳазор гурезагон ва дараҷаи баланди нафрату ҳамдигарбадбинӣ. Омили этнологӣ ба тамоми ҷараёни мулоқоти то андозае таъсири мусбат мерасонд: аввалан муборизаи сиёсӣ байни намояндагони як миллат шиддат мегирифт, баъдан эътиқотманди як дин будани иштирокдорони низоъ дарки оқибатҳои онро осонтар менамуд ва сеюм тафовутҳои минтақавӣ ва қавмӣ боиси тезутунди низоъ мегашт. Гурўҳи дуюми масъалаҳо бошад, бевосита тобиши ҳуқуқӣ доштанд.
Дар тамоми ҷараёни музокирот ҳамин омили хуқуқӣ ҳамчун омили боздоранда аз амалиётҳои қатъии зўроварона нақши ҳалкунанда бозид. Ниҳоят, ҷиҳати дигари ҳуқуқии гурўҳи дуюми масъалаҳои зикршуда дар он аст, ки аз ибтидои низоъ то интиҳои он Созмони Милали Муттаҳид нақши марказӣ дошт, ки ин ҳолат характери байналхалқии музокирот ва фазои мусоиди боварию эътимодро таъмин мекард.
Аз давраи аввали музокирот, ки танзими масъалаи бо роҳи сиёсӣ ҳал намудани низоъ, ҳалли масъалаи гурезаҳо ва ҳалли масъалҳои сохтори конститутсионӣ ва давлатдории Тоҷикистонро дар назар дошт, ҷонибҳо омодагии худро ба сатҳи аввали гуфтушунид — диалоги сиёсӣ изҳор намуданд.
Ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ- саҳифаи тозае дар китоби истиқлол ва пояи устуворе дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандист. Ғайр аз ин, Созишномаи мазкур ба ҷаҳониён собит намуд, ки марҳилаи хеле душвори таҳкими ваҳдати миллӣ ба поён расид ва давраи нав — давраи дар амал татбиқ сохтани барномаҳои дигаргунсозиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, паст намудани сатҳи камбизоатӣ, риояи бечунучарои қонуният фаро расидааст. Бешубҳа, бо дарназардошти вазъи ҷумҳурӣ дар шароити кунунӣ қабули Созишнома як ҳодисаи таърихӣ ва нодир номидан мумкин аст.
Бо қабули Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва иҷрои пайвастаи он муҳимтарин унсури бунёди давлат — ягонагии миллӣ таъмин гардид ва ба ривоҷ гирифтани худшиносии миллӣ, баланд гардидани шуури иҷтимоӣ дар ҳама табақаҳои ҷомеа боис шуд. Дар ин самт қабул шудани Конститутсия соли 1994, ва тағйирот ба он (1999, 2003, 2016) ва дар ин ҳуҷҷат инъикос ёфтани ҳадафҳои пешрафти давлат барои наҷоти мардум аз парокандагӣ такони пурзўре гардид. Асоси анъанавии инкишофи давлатдорӣ эътироф шудани плюрализм, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, эътиқоду мазҳаб, имкони вуҷуд доштани мафкураҳои гуногун дар чомеа дар Қонуни асосӣ сабт шуданд. Аз як тараф дар ин ҳуҷҷати муҳимми сиёсиву ҳуқуқӣ арзишмандтарин афкору ақидаҳои инсондўстонаву демократӣ ва меъёрҳои эътирофшудаи ҳуқуқи умумибашарӣ, аз сўи дигар, хусусиятҳои ҷомеаи тоҷикон ва маданияту анъанаҳои он ба эътибор гирифта шуданд. Моддаи аввали Конститутсия Тоҷикистонро давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, дунявӣ ва ягона ва банди дигари ин модда давлати иҷтимоӣ эълон кардааст. Ислоҳоти қонунгузорие, ки баъди қабули Конститутсия ҷараён дорад, татбиқи бевоситаи ҳамин ҳадафҳоро дар назар дорад.
Ва ниҳоят, чаҳорум, қабул шудани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ аз оғози марҳилаи сифатан нави рушди ҷумҳурӣ дар бобати бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ дарак дод.
Дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин намуд”.
Ҳамаи ҳуҷҷатҳои музокироти тоҷикон ба гурўҳи санадҳое дохил мешаванд, ки аз рўи моҳияташон дорои хислати меъёрӣ мебошанд. Дар онҳо изҳори иродаи байниякдигарии тарафҳо ҳамчун субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ ифода ёфта, уҳдадориҳои тарафҳо ба расмият дароварда шуданд. Қабул ва ба иҷро расонидани онҳо вазифаи тарафҳои музокироти сулҳи тоҷикон ба ҳисоб мерафт. Онҳо ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мутобиқ буда, ҳамчун механизми ҳуқуқии ҳалли миллии низоҳои дохилӣ хизмат намудаанд .
Маълум, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ё худ таъмини иҷрои қонунҳо аз ҷониби ҳама субъектҳои ҳуқуқ баробари нишонаҳои дигари давлати ҳуқуқбунёд, аз қабили волоияти қонун, таҷзияи ҳокимият, маданияти ҳуқуқӣ дар ҷомеа, таъмини ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷомеа, масъулияти дуҷонибаи давлат ва шахсият ҳадафи ниҳоии давлатдорист.
Соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба миён омадани воқеияти нави сиёсию иҷтимоӣ пеш аз ҳама дар шуур ва худшиносии ҷомеа таҳаввулоти ҷиддӣ ба миён овард. Назари аҳли ҷомеаи ҷумҳурии соҳибистиқлол ба ҷаҳон, мамлакат, миллат ва таъриху фарҳанги он куллан тағйир ёфт. Акнун таърихи халқу мамлакат ҳамчун қисми таркибии таърихи башар, минтақа ва тамаддуни мардуми ориёитабор мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифт. Яъне таърихи халқи тоҷик ҳамчун ҷузъи таркибии таърихи ҷаҳонӣ дар қаринаи таърихи инсоният пазируфта шуд ва аз нақши муттаҳидкунандаю созандаи он дар ҷомеа пайгирона истифода мешуд. Таърих ҳамчун як сарчашмаи воқеии худшиносии миллӣ, қабл аз ҳама, бунёди давлати соҳибистиқлол, ваҳдати миллӣ, рӯ овардан ба гузаштаи пурифтихор, ҳифзи тамаддуни мероси фарҳангии ниёгон ва поси хотири шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги миллат гардид .
Бешубҳа баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳаёти кишвар заминаи мусоид баҳри пойдорӣ ва рушди Истиқлолияти давлатӣ, барои рушди ҷомеа дар ҳама соҳаҳои зиндагӣ ба вуҷуд омада, фазои нави ҳуқуқӣ барои бартараф кардани ҳама монеаҳои ташкили ҳаёти нав дар шароити волоияти қонун ва демократия фароҳам оварда шуд. Дар натиҷаи диалоги сиёсӣ ба мувофиқат омадани ҷонибҳои муқобил оид ба даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия, аз қабили таъсиси парламенти касбии дупалатагӣ, низоми нави интихоботи Президент, такмили системаи судиву ҳуқуқии Тоҷикистон, ташкили ҳизбҳои сиёси ва дигар масъалаҳои ҳалталаб арзиши ҳуқуқии Созишномаи сулҳро дар миқёси байналмилалӣ хеле баланд бардошт. Бояд иқрор шуд, ки дар амлияи сиёсии ҷаҳони муосир чунин навъи консенсус, ки ихтилофи шадиди хатари ҷанги гражданидоштаро бартараф кунад, хеле кам ба назар мерасад.
Барои равшан кардани аҳамияти ҳуқуқии музокироти тоҷикон ба таври мухтасар ба ёд овардани манзараҳои асосии муборизаҳои сиёсӣ аз манфиат холӣ нест. Низои тоҷикон аз ибтидо характери сиёсӣ дошт, ки дар изҳороти сарварони ҳарду ҷониб дар зимни баёни дигар матлабҳо равшан зоҳир мешуданд. Яке аз омилҳои муҳиме, ки ҷонибҳоро ба гуфтушуниди сиёсӣ раҳнамоӣ кард, ба андешаи мо, омили маънавӣ буд. Чунон ки баъдтар маълум гашт, дар ҷараёни музокирот рақобат ва нофаҳмии ҳамдигарии ҷонибҳо на ба он дараҷае буд, ки миёни иштирокчиёни низоъҳои этникии минтақаҳои дигари олам ба мушоҳида мерасид. Омили дуюм- сари вақт ба ҷараёни наздик сохтани мавқеи ба ҳам зидди тарафҳо ҷаҳду талош намудани Созмони Миллали Муттаҳид ба шумор меравад. Маҳз аз ҷониби ин ташкилот ҳамчун мақоми такягоҳ ва ёрирасони музокирот ташкил намудани гуфтушуниди алоҳидаи намояндагонӣи васеи аҳли илму сиёсати Тоҷикистон дар доираи Конфронси Дартмут ба ҷараёни минбаъдаи музокирот таъсири мусбат расонид. Дар давоми сеюним сол проблемаҳои Тоҷикистон мунтазам дар Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид муҳокима мешуданд, дар маҷмўъ даҳ даври гуфтушинид, се машварат ва шаш вохурии сарварони гурўҳҳо дар ҳафт кишвари ҷахон маҳз бо кўшишҳои намояндагони СММ ва ҳайати нозирони он дар ҷумҳурӣ ба анҷом расонидаанд. Омили сеюм — инкишофи босуръати ҷараёни худбаҳодиҳӣ ва худшиносии оммаи васеи аҳолӣ дар давраи аввали музокирот ба шумор мерафт. Ҳанўз аз машварати аввал 1993 мавқеи тарафҳо аниқ карда шуданд. Ҳукумат мавқеи худро дар ҳалли 5 проблема инъикос мекард: 1. Бозгашти таъҷилии ҳаммаи гурезаҳо аз Шимоли Афғонистон; 2. Гуфтушунидҳои бисёрҷониба бо Афғонистону Эрон, Покистон ва Арабистони Саудӣ ва дар ин масъала кўмак кардани Созмони Милали Муттаҳид; 3. Даст кашидан аз истифодаи қувва; 4. Фиристодани қувваҳои СММ оид ба дастгирии сулҳ ба сарҳади Афғонистон; 5. Ҳалли бевоситаи ҳамагуна масъалаҳо ба воситаи гуфтушунид. Мавқеи дигар ҷониб ба 4 гурўҳ ҷудо мешуд: 1. Ҳалли масъалаи гурезаҳо; 2. Кафолати амният ва дахлнопазирии гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ; 3. Авфи умумӣ; 4. Ба даст овардани ризоияти қувваҳои мусаллаҳи дигар ҷониб дар Афғонистон. Ҳамин тавр, дар асоси принсипи дар боло номбаршуда консенсус дар ҳалли масъалаи марказӣ – масъалаи гурезаҳо ба даст омад ва дар ҷараёни минбаъдаи мулоқот ҳамчун нуқтаи сарҳисоб хизмат кард.
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 байни тарафҳо бо иштироки кишфарҳои кафил ба имзо расид , дар таърихи давлатдории навинамон ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ба воқеан нодиру фараҳбахши ҳаётӣ маҳсуб ёфта, баҳри пойдории сулҳу суботи комил дар кишвари маҳбубамон заминаи воқеию ҳуқуқӣ гузошт ва дар як вақт барои мустаҳкам намудани андешаҳои солими давлатдории миллӣ дар афкори ҷомеа нақши босазо бозид.
Ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз аз ҷониби Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳуҷҷате ки “Роҳи миллати тоҷик ва тоҷикистониёнро ба сӯи фардо ҳамвор месозад” тавсиф гардид. Президенти мамлакат дар муроҷиатномаашон ба муносибати имзои Созишномаи Сулҳ чаҳор принсипи муҳимро ба сифати ҳадафҳои аслии рушди минбаъда ёдрас кард, ки онҳо аз аҳамияти ҳуқуқӣ холӣ набуданд. Аввалан, таъмини озодию баробарҳуқуқии ҳамаи шаҳрвандон ва масъулияти онҳо дар назди ҷомеа. Дуюм, инкишофи минбаъдаи ҷумҳурӣ бо роҳи баробарию беғаразии қувваҳои сиёсӣ, роҳ надодан ба ҳукмронии ягон идеология. Сеюм, бо роҳи худии инкишоф, модели тоҷикии тараққиёт пеш рафтани ҷумҳурӣ, ба роҳ мондани чунин сиёсати хориҷие, ки бар асоси эътироф ва эҳтироми меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, мудохила накардан ба кишварҳои дигар ва ҳимояи манфиатҳои Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ танзим шуда бошад. Чорум, риояи суннатҳои ҳамида ва нигоҳ доштани арзишҳои фарҳангии миллат ки тӯли асрҳо ба сифати арзишҳои башарӣ эътибор пайдо кардаанд. Ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки тӯди сеюним соли музокироти тоҷикон қабул шудаанд, аз ҳамин принсипҳои номбаршуда сарчашма гирифтаанд.
Ҳамин тавр, ба имзо расидани Созишномаи Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистони азизи мо саҳифаи нави рушдро оғоз намуд, пояҳои Истиқлолияти давлатӣ таҳким ёфтанд ва барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаҳои боэътимод гузошта шуданд.
Маҳкам МАҲМУДЗОДА,
академики АМИТ,
доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор,
Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС аз манбаъҳои боз