ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Аз бемасъулиятӣ 1120 гектар замини корами обӣ дар ноҳияи Рашт обёрӣ карда намешавад

Июнь 1, 2023 15:37

РАШТ, 01.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони ноҳияи Рашт дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, бо дарки масъулияти баланд имсол ҷиҳати саҳми назаррас гузоштан дар таъмини аҳолии ҷумҳурӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ саъю талош доранд.

Муовини Раиси ноҳияи Рашт Саидбег Идибегзода зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки «меҳнаткашони ноҳия майдони кишти картошкаро аз ҳисоби заминҳои бекорхобида васеъ намуда, соли равон дар 1500 гектар замини хоҷагиҳои деҳқонию коллективӣ ва 1700 гектар замини хоҷагиҳои ёрирасону наздиҳавлигӣ картошка кишт менамоянд. То имрӯз дар сохтори кишоварзӣ дар 1100 гектар картошка кишт шудааст ва кишоварзон аз ҳавои мусоид самаранок истифода бурда, картошкаи навъҳои маҳаллӣ кишт намуда истодаанд».

Дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, вазорату кумитаҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони маҳаллӣ низ дар самти дастгирии кишоварзон назаррас аст. Маҳз аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеи Дашти беоби деҳоти Ҳоит соли 2022 ба маблағи 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ дар масофаи 1,2 км қубур хобонда шуд. Ҳоло дар ин мавзеъ дар 118 гектар картошка кишт шудааст.

Дар Ҷамоати деҳоти Ясман канали «Ҳисорак-2» ба масофаи 8 км ва канали «Ҳисорак-1» ба масофаи 6 км, «Қарашаҳр-1» ва «Қарашаҳр-2» ба масофаи 10 км соли 2022 бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ва истифодабарандагони об таъмир шуд, ки соли равон бо ҳашари дастҷамъонаи сокинон заминҳои кишти ин мавзеъҳо обёрӣ мешавад.

Мутаассифона, аз сабаби шуста шудани сарбанди пойгоҳи обкашӣ дар Ҷамоати деҳоти Навдӣ ва канали «Камчароғ» дар Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх садҳо гектар замини кишт ба мушкилии норасоии оби полезӣ гирифтор аст.

Тибқи иттилои масъулини шуъбаи кишоварзии ноҳия, дар ноҳияи Рашт 3339 гектар замини корами обӣ мавҷуд аст. Аз ин ҳисоб дар ҷамоатҳои деҳоти Қалъанак, Ясман, Ҳоит ва Қалъаи сурх зиёда аз 1100 гектар замини корами обӣ обёрӣ намешавад, вале роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ андози муайяншудаи заминҳои карами обиро месупоранд.

Сардори Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Рашт Қурбоналӣ Давлатов гуфт, ки «дар мувозинати корхонаи мо 18 канал бо масофаи 198 километр ва 20 сарбанду нуҳ пойгоҳи обкашӣ мавҷуд аст. Дар муассиса ягон техника мавҷуд нест, ки мо аз он истифода барем. Дар ноҳия ба воситаи каналҳо 1118 гектар ва бо пойгоҳи обкашӣ 450 гектар замини корами обӣ обёрӣ мешавад. Соли 2023 мо имкони обёрӣ кардани 2223 гектарро дорем, вале канали калони «Қалъанак»-ро, ки дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Қалъанак воқеъ буда, 100 гектар заминро обёрӣ мекард, дарё шуста бурд. Ҳамчунин канали дар мавзеи Навдӣ бударо дарёи Сурхоб пурра шуста бурдааст, ки он 280 гектар заминро обёрӣ мекард. Канали «Гамбариён» ба воситаи пойгоҳи обкашӣ 400 гектар заминро обёрӣ мекард. Вале аз сабаби паст шудани сатҳи оби дарё қубурҳои обкашии дастгоҳҳо 7 метр аз дарё баланд мондаанд ва имконияти гирифтани обро надоранд. Дар ҳамин канал 2 насоси обкашӣ шинондем, онҳо имконияти обёрии 60 гектар заминро доранд. Дар ҳоле, ки дар ин мавзеъ бояд 400 гектар замин обёрӣ шавад. Канали «Камчароғ» 22 километр дарозӣ дошта, 400 гектар заминро обёрӣ мекард. То имрӯз ними ин канал вайрон шуда, аз байн рафтааст, вале мо маблағе надорем, ки онро барқарор кунем. Панҷ сол аст, ки аз ҳисоби Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарорсозии ин каналҳои вайрону пойгоҳҳои обкашии фарсудаи корношоям маблағгузорӣ карда намешавад. Дар натиҷа дар ноҳияи Рашт 1120 гектар замини корами обӣ аз обёрӣ берун мондааст».

Қурбоналӣ Давлатов мегӯяд, ки “мувофиқи ваъдаи масъулини Агентии беҳдошти замин ва обёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳафтаҳои наздик барои таъмири пойгоҳҳои обкашӣ баъзе таҷҳизоти зарурӣ ба корхонаи мо ворид гардад, вале бо ин ҳама мушкилӣ мо бояд 400 хоҷагии деҳқониро, ки шартнома бастаем, бо оби полезӣ таъмин намоем. Мутаассифона, аз сабаби дар корхона надоштани техника хоҷагиҳои деҳқонӣ оби полезиро баста, худашон хоҷагидорон техника оварда, тариқи ҳашар заминҳояшонро бо об таъмин мекунанд, дар ин сурат мо аз онҳо имконияти маблағ гирифтан надорем”.

Вазифаи асосии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи заминҳои корами обӣ ва бо оби полезӣ таъмин намудани ин гуна заминҳо мебошад.

Тибқи иттилои Қурбоналӣ Давлатов, “аз сабаби сари вақт мустаҳкам накардани соҳили дарёи Сурхоб дар мавзеи Қалъанаки ноҳияи Рашт 30 гектар заминро дарё шуста бурд. Дарё ҳамчунин дар мавзеи Навобод 35 гектар ва 2 чоҳи амудиро канда бурд, ки ин чоҳҳо 60 гектар заминро обёрӣ мекарданд. Мо даҳҳо маротиба ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудем, вале ҳеҷ кас шикояти моро ба назар нагирифт ва дар ин минтақаҳо ягон бор корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида нашуд. Агар беаҳамиятӣ ҳамин хел давом кардан гирад, дарёи Сурхоб садҳо гектари дигар замини корами обиро канда, бурдан мегирад”.

Дар минтақаи Рашт аз сабаби аз ҷониби идораҳои беҳдошти замин ва обёрии ноҳияҳои минтақаи Рашт мустаҳкам накардани соҳили дарёи Сурхоб ин дарё ба роҳи байналмилалӣ наздик шуда, хатари шусташавии роҳи байналмилалии Душанбе-Лахш пеш омадааст. Тибқи иттилои сармуҳандиси Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и минтақаи Рашт Оимнисо Таваккалова, солҳои 2022-2023 дар минтақаҳои хатарноки роҳи байналмилалӣ, ки дарёи Сурхоб ба он наздик буда, хатари кандашавӣ дорад, бо дарозии 480 метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида шуд.

Кишоварзони ноҳияи Рашт имрӯзҳо бо нияти нек ба кишти картошка машғул буда, мехоҳанд дар таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузоранд. Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Рашт ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор мебошанд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сари вақт бо оби полезӣ таъмин намудани заминҳои корами обӣ ва ҳосили фаровон ба даст овардан аз ин заминҳо, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобидаю ҳифзи заминҳои корами обӣ аз нестшавӣ каналу пойгоҳҳои обкаширо барқарор намуда, дар мавзеъҳои Навободу Қалъанак барои аз байн нарафтани заминҳои корам корҳои соҳилмустаҳкамкуниро ҳарчи бештар ба роҳ монанд.

Дар сурати обёрӣ гардидани 1120 гектар замини корами обии ноҳияи Рашт дар оянда садҳо ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка истеҳсол мегардад ва кишоварзони ноҳия дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Июнь 1, 2023 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ багузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ
«Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!». Дар ноҳияи Шоҳмансур ғолибони даври ноҳиявии озмун ҳавасманд гардонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТЗАЛ. Барои мураббиён машғулиятҳои омӯзишии «Level-2» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳи ташхиси партовҳои обӣ ба истифода дода шуд
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо унвони «Профессори фахрӣ»-и ду донишгоҳи Чин сарфароз гардид
ПАРЧАМИ МО ПАРФИШОН АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ! Дар Душанбе ҳамоиши ҷашнии ҷавонону варзишгарон баргузор шуд
Дар Хуҷанд доир ба масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот конференсияи минтақавӣ баргузор гардид