ТИРГОН — ҶАШНИ ОБУ ОБОДӢ. Номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимӣ дар ин мавзуъ изҳори андеша намуд

Июнь 24, 2023 11:42

ДУШАНБЕ, 24.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, якшанбеи охири моҳи июн дар Тоҷикистон баргузории ҷашни Тиргон дар якҷоягӣ бо Иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» дар назар дошта шудааст. Дар ин робита номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимӣ дар остонаи таҷлили ҷашни Тиргон дар мақолааш  ба унвони АМИТ «Ховар» мулоҳизаҳои хешро дар бораи таърихи таҷлили ин ид баён ва пешниҳод намудааст, ки хуб мешавад дар арафаи ҷашни Тиргон дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ, ҷамоату деҳаҳо ҳашарҳои тоза кардани ҷӯю ҳавзҳо, чашмаҳо, обанборҳо ва рӯдхонаҳоро ба роҳ монем. Бо ин роҳ ҳам обҳову муҳитамон тозаву озода мегарданду ҳам барои таҷлили Тиргон замина фароҳам меояд. Зеро Тиргон,  пеш аз ҳама ҷашни обобу ободӣ мебошад. Дар идома ӯ чунин изҳори назар намуд:

  — Ҷашнҳои миллии мавсимии тоҷикон: Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон падидаҳои иҷтимоӣ-фарҳангие мебошанд, ки ба ҳодисаҳои табиат иртибот дошта, оғози онҳоро ниёгони мо – ориёиҳо бунёд гузоштаанд. Дар масири пурталотуми таърих аҷдоди тоҷикон ин ҷашнҳоро чун василаи пайвандгари байни инсону табиат, фарду ҷамъият ва ҳамчун омили тақвиятдиҳандаи худогоҳӣ, меҳру муҳаббат ба Ватан шинохтаанд ва гиромӣ доштаанд.

Ҷашнҳои мазкур асосан заминаҳои қавии табиӣ ва нуҷумӣ доранд. Агар аз сӯйи дигар назар андозем, ҷашни Сада ба оташ, Наврӯз ба замин (хок), Тиргон ба об ва Меҳргон ба рушноии осмон (офтоб ва ҳаво) иртибот доранд. Зеро мазҳару пайдоиш ва ҷавҳари ин ҷашнҳо ба чор унсури муқаддаси нахустмабдаъ мепайванданд.

Аҳамияти об дар замони мо низ хеле муҳим арзёбӣ шуда, яке аз масъалаҳои глобалии сайёра ба шумор меравад. Бо ташаббус ва пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид дар таърихи 23 декабри соли 2016 дар Ҷаласаи 71-уми Маҷмаи Умумии СММ солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон намуд, ки Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об, яъне 22 марти соли 2018 оғоз ёфта, дар Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об – 22 марти соли 2028 анҷом меёбад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 октябри соли 2019 дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» ба иштирокдорони симпозиум ва умуман, ба аҳли илму фарҳанг рӯй оварда, таъкид намуданд, ки: «Дарвоқеъ, Меҳргон, Сада ва Тиргон падидаи нодир дар тамаддуни ҷаҳонӣ мебошанд. Онҳо моҳияти ҷомеасозӣ, ваҳдату созандагӣ, диду идеалҳои некбинӣ, садоқат ба инсон, замин ва заҳматро ба таври возеҳ инъикос ва ифода мекунанд. Ин ҷашнҳо рамзи сарҷамъии мардуми заҳматкаш ва ҳамдиливу инсондӯстӣ мебошанд».

Ин суханони Роҳбари давлат ба аҳли зиёву адаб ангезае барои таваҷҷуҳи бештару беҳтар ба омӯзиши ҷашнҳои миллӣ гаштанд ва мо шоҳиди он ҳастем, ки омӯзишу пажӯҳиши таърих, одобу русум ва суннатҳои ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Сада сол то сол бештар ва густардатар мегардад.

Аммо ҷашни Тиргон дар ин миён ҳанӯз дуруст омӯхта нашуда ва барои мардум ноошно мебошад.

Ҷашни Тиргон дар қатори Наврӯзу Меҳргон ва Сада аз куҳантарин ҷашнҳои мо  ба шумор меравад. Ин ҷашн дар рӯзи 13-уми моҳи Тир, ки он рӯзро низ Тир меномиданд, баргузор мегашт.

Агар ҷашни Сада марбут ба зимистон бошад, Наврӯз – иди баҳорӣ ва Меҳргон дар тирамоҳ ҷашн гирифта шавад, пас Тиргон ҷашни тобистонаи ниёгони мо  буд, ки мутобиқ ба 3 ё 4-уми июли тақвими григорианӣ таҷлил мешуд. Яъне дар солшумории ниёкони мо ҳар рӯз номи махсусе дошт, ки 12-тои онҳо бо номи моҳҳо айнан як хел буданд ва ҳар вақте ки номи моҳу рӯз ба ҳам мувофиқ меомаданд, мардум онро ҷашн мегирифтанд.

Тир – номи эзад, яъне фариштаи борон дар асотири Эрони бостон буда, дар Авесто дар шакли Тиштарйа, дар паҳлавӣ – Тиштар ва дар форси навин бо номҳои Тиштар ва Тир дарҷ шудааст. Вазифаи Тиштар об гирифтан аз дарёи Фарохкарт ва онро дар шакли борон резонидан ба заминҳои аҳуроӣ мебошад.

Дар яшти ҳаштуми Авесто («Тир-яшт») Тиштар ситораи сапеду дурахшон ва тавоно мебошад, ки сиришти об дораду нажодаш аз Апам Напат (набераи эзади обҳо) аст. Тибқи афсонаҳои авестоӣ, Тиштар ба колбадҳои марди ҷавони неруманд, аспи сафеди заррингӯш ва гови зарриншох медарояд ва бо деви хушксолию беборонӣ Апаоша, ки мехост ҷаҳонро аз беобӣ табоҳ созад, мубориза мебарад. Дар набарди аввал Апаоша ғолиб меояд ва пеши дарёи Фарохкартро мебандад, абрҳои бороноварро пора-пора мекунад, аммо дар набарди дуюм Тиштар неру гирифта, деви хушксолиро шикаст медиҳад. Аз он пас абрҳо пурбор шуда, боронҳои фаровон ба кӯҳу дашту даман меборанд ва табиат сарсабз гашта, ҳаёти осудаву хуррам оғоз мешавад.

Дар байни тоҷикон дар иртибот бо об, боронталабию қатъи боду борон ва жола бовару эътиқод ва расму ойинҳои қадимӣ кам нестанд. Маросимҳои ашаглон, сусхотун, чиллахотун дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон то ба солҳои наздик барои даъвати борон иҷро мешуданд.

Агарчи ҷашни Тиргон ва устураи Тиштар ё Тир аз байн рафтаанд, аммо баъзе пораҳои он дар боварҳо ва таъбиру ифодаҳо боқӣ мондаанд. Чунончи, дар лаҳҷаҳои тоҷикӣ рангинкамоне, ки ҳангоми офтобборон ва ё баъд аз борон дар осмон намоён мешавад, «тиру камон» меноманд. Воқеан ҳам рангинкамон ба сурати камон аст, аммо тираш куҷост? Аслан, ин ибораи қадимӣ буда, шакли дурусташ «Тиркамон» аст, яъне камони эзади Тир. Зеро Тир (Тиштар) эзади борон аст ва чи тавре ки болотар зикр шуд, дар устураю афсонаҳои бостонӣ омадааст, ки ӯ бо деви хушксолӣ Апаоша дар набард аст. Ин рангинкамони пас аз боронро, албатта, ниёкони мо камони ҳамон эзади паҳлавон Тир медонистанд.

Дар тасаввуроти баъзе манотиқи Тоҷикистон то ба имрӯз боварҳо дар бораи эзади тундару чароғак ва борон бо номи Қамбар, дар баъзе ҷойҳои дигар бо номи Бобо Қилдир, боқӣ мондаанд, ки бешак идомаи оммиёнаи асотири ниёгони мо дар бораи эзади борон Тир мебошанд. Дар давраҳои қадим мардумони манотиқи гуногуни тоҷикнишин барои даъвати борон ба Қамбар муроҷиат карда, ҳар гуна маросиму амалҳои ҷодуиро барпо мекардаанд, ки имрӯзҳо баъзеашон ба сурати бозиҳои бачагона боқӣ мондаанд.

Ҳамин тариқ, дар муқоиса бо ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон дар бораи Тиргон дар сарчашмаҳо маълумоти камтар омадааст.

Тиргон аз даврони қадим ҳамчун ҷашни гиромидошти об ва дар партави он ҳамчунин покдошту беҳдошти обҳои дарёву ҷӯю чашмаҳо, ҳавзу кӯлҳо ва арҷгузорӣ ба боронҳо будааст.

Ниёгони мо тавассути баргузории ин ҷашн ҳам офаридгори худро изҳори сипосу ситоиш мекарданд ва ҳам дар байни афроди ҷомеа тоза нигоҳ доштану истифодаи оқилонаи ин неъмати ҳаётбахши табиатро таблиғ менамуданд.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 24, 2023 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ЭҲЁГАРИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР. 16 ноябри соли 2018 агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Баргузории он асос барои таъмини амнияти миллӣ маҳсуб мешавад
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
«ЭЙ ВАТАН, БО ПЕШВОЯТ ЗИНДА БОШ!». Андешаҳо дар ҳошияи Рӯзи Президент