Ташаббуси Тоҷикистон оид ба ҳифзи кафтори рахдор дар COP-20 дастгирӣ ёфт
ДУШАНБЕ, 05.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 24 ноябр то 5 декабри соли 2025 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон Конфронси 20-уми Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта (СИТЕС) баргузор гардид, ки дар он аз Тоҷикистон намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Тавре аз ин кумита ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар конфронс намояндагони беш аз 130 кишвар, роҳбарони созмонҳои ҷаҳонӣ, коршиносони бонуфуз ва ҷомеаи илмӣ иштирок намуданд.
Зимни конфронс масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим, муҳофизати намудҳои нодири ҳайвонот ва таҳкими ҳамгироии кишварҳо баррасӣ гардид.
Дар доираи конфронс 27 ноябр бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии канорӣ оид ба мақоми ҳифз ва нигоҳдории кафтори рахдор гузаронида шуд.
Дар натиҷа пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кафтори рахдор ки дар ҳолати ҷиддии маҳвшавӣ қарор дорад, аз замимаи 3-и Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта ба замимаи 2-юми ин Конвенсия гузаронида шуд. Ин иқдом 4 декабр дар ҷаласаи пленарии COP-20 расман қабул гардида, аз ҷониби аксари кишварҳои иштироккунанда дастгирӣ ёфт.
Иброз шуд, ки ворид гардидани кафтори рахдор ба замимаи 2-юми Конвенсияи CITES имкон медиҳад, ки ҳимояи байналмилалии ин намуд ба таври назаррас тақвият ёбад. Бо ин тасмим савдои байналмилалии ҳайвон ва узвҳои он таҳти назорати қатъӣ қарор мегирад. Инчунин имконоти мониторинг ва таҳқиқоти илмӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ бештар гардида, барномаҳои ҳамоҳангсозии байналмилалӣ оид ба ҳифзу барқарорсозии он густариш меёбад. Дар ин замина давлатҳо уҳдадор мегарданд, ки дар қаламрави худ чораҳои заруриро барои пешгирии қочоқ ва нестшавии ин ҳайвон ба роҳ монанд.
Бояд гуфт, ки дар давлатҳои Осиёи Марказӣ ин намуди ҳайвон ба чораҳои иловагии ҳифз ва мониторинги дақиқ ниёз дорад. Дар ҳамин замина ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иқдоми саривақтӣ ва мувофиқ ба сиёсати устувори экологии мамлакат пазируфта шуд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд






