ТОҶИКИСТОН ВА ҚАТАР. Шаҳрвандони дорои шиносномаҳои дипломатӣ ва махсус метавонанд дар қаламрави давлати якдигар бе раводид ба муддати на зиёда аз 90 рӯз шуруъ аз санаи вуруд қарор дошта бошанд

Июнь 10, 2023 14:49

ДУШАНБЕ, 10.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари давлатии Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Олӣ Сонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва махсус, инчунин Ёддошти тафоҳум байни  Вазорати корҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таълим ва бозомӯзии кадрҳои дипломатӣ ба имзо расид.

Санадҳои мазкурро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири давлатии корҳои хориҷии Қатар Султон Саъд ал-Мурайхӣ ба имзо расониданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ доданд, Созишнома оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва махсус бо мақсади соддагардони тартиби рафтуомади шарҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар, ки дорои шиносномаҳои дипломатӣ ва махсус мебошанд, равона гардидааст.

Тибқи Созишнома шаҳрвандони тарафҳо, ки барои Тоҷикистон дорандаи шиносномаҳои дипломатӣ ва барои Қатар дорандаи шиносномаҳои дипломатӣ ва махсус мебошанд, метавонанд дар қаламрави давлати якдигар бе раводид ба муддати на зиёдтар аз навад (90) рӯз шуруъ аз санаи вуруд қарор дошта бошанд.

Бозомӯзии кадрҳои дипломатӣ  ва мусоидат ба рушди захираҳои инсонии кормандони вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қатар яке аз бахшҳои асосии Ёддошти тафоҳум байни  Вазорати корҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати давлатии корҳои хориҷии Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таълим ва бозомӯзии кадрҳои дипломатиро дар бар мегирад.

Ёддошти тафоҳуми мазкур ҷиҳати рушду таҳкими муносибатҳо тавассути ҳамкории зич байни мақомоти дипломатии ҳарду ҷониб ба имзо расидааст.

Ҳадафҳои санади мазкур таҳияи чаҳорчӯбаи ҳамкорӣ дар соҳаи таълиму тарбияи кадрҳои дипломатии вазоратҳои корҳои хориҷии тарафҳо, фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои нигоҳ доштани алоқа ва ҳамкории доимӣ байни Вазоратҳо, мусоидат ба рушди захираҳои инсонии кормандони вазоратҳои корҳои хориҷӣ мебошад.

«Мубодилаи иттилоот оид ба давраҳои омўзиши дипломатӣ, барномаҳои бозомӯзӣ, машғулиятҳо ва чорабиниҳои таълимӣ, нашрияҳо, маводди чопии сохторҳои марбутаи давлатҳо дар соҳаи сиёсати хориҷӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, масъалаҳои байналмилалии иқтисодӣ ва  илмҳои сиёсӣ самти махсуси Ёддошти тафоҳум мебошад», — таъкид намуданд дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар асоси ин Ёддошти тафоҳум инчунин, табодули устодонон дар самти мубодилаи дониши дахлдор ва таҷрибаи онҳо бо устодон ва донишҷӯён, кормандон ва ё шунавандагон ҷиҳати омӯзиши минбаъда дар давраҳои омӯзишии махсус оид ба забономӯзӣ, низоми сиёсӣ,  иқтисод ва тиҷорат, ҳуқуқ, муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати хориҷӣ пешбинӣ шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар доираи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 15 санади нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба имзо расонида шуд, ки онҳо дар тақвияти равобити  Тоҷикистону Қатар нақши муассир хоҳанд гузошт.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Июнь 10, 2023 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳрҳои Душанбе ва Боку дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҳамкориро густариш медиҳанд
Дар Бангкок иҷлосияи 80-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми маблағгузории соҳаи рушд дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд
Дар Москва машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия баргузор шуданд
Дар шаҳри Минск иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаи ҳамкории ду давлатро дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ва Италия Созишнома оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатиро ба имзо расониданд
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи IRAN EXPO-2024 иштирок менамояд
Директори Маркази байналмилалии амнияти об барои иштирок дар Конфронси сеюми оби Душанбе даъват гардид
Дар Бушаҳри Эрон зарфияти иқтисодии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо Ҷумҳурии Италияро шарики муҳим ва боэътимоди худ дар Аврупо медонем»
Дар шаҳри Минск Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд