ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ КӮДАКОНИ ХУШБАХТ. Эъто ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

Июнь 1, 2023 11:13

ДУШАНБЕ, 01.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Кӯдакони Тоҷикистон  имрӯз воқеан  ҳаёти рангини хушбахтона доранд.  Зеро амният ва осоиштагии давлат шарти аввалини хушбахтии кӯдакони мо аст. Аммо танҳо осоиштагиву амният барои хушбахтии комили кӯдак кофӣ нест. Хушбахтии кӯдакони моро чандин омилҳои дигар роҳнамоӣ мекунанд. Аввалин кӯшиши фароҳам овардани шароити беҳтарин барои кӯдакон- ин бунёдкориву созандагиҳое аст, ки сабаби ободии мамлакат ва  баланд бардошта шудани руҳияи фарзандон, падару модарон мегардад. Чунин ибрози андеша намудааст Шоири  халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло.

Зимнан бояд гуфт, ки аввалин ва баландтарин ҳадаф ва  сиёсати  Тоҷикистони соҳибистиқлол- ин баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардум ва  пайваста паст кардани сатҳи  камбизоатӣ дар мамлакат мебошад. Ин ҳадафҳо дар   паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  пайваста  таъкид карда мешаванд. Дигар ин ки Ҳукумати Тоҷикистон ва шахсан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ғамхорӣ ба кӯдакон, таълиму тарбияи онҳо, парвариши беҳтарин эҳсосот: инсондӯстӣ, башарпарварӣ, дӯст доштани Ватан, китоб ва донишро дар мадди аввали сиёсати давлатдории худ қарор додаанд. Ба асос ва заминаи  чунин сиёсат он чиз ҳам далолат мекунад, ки дар фарҳанги қадимиву оламшумули миллати мо масъалаи фарзанду фарзанддорӣ ҳам аз ҷиҳати педагогиву дидактикӣ ва ҳам аз ҷиҳати илму адаб таҷрибаву собиқаҳои ибратомӯзи зиёд дорад.

Таърихи пайдоиши ин рӯз 

Чун мавзуи суҳбати мо ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон рабт дорад, аввалан каме дар ин хусус маълумот пешниҳод менамоем. Аслан таърихи пайдоиши Рӯзи байналмилали ҳифзи кӯдакон чунин аст:

Дар оғози асри гузашта сафири Чин дар Сан-Франсиско қарор дод, ки 1 июн кӯдакони бе падару модарро ҷамъ орад ва барои онҳо иде барпо намояд. Дар ҳамин рӯз дар Женева бахшида ба мушкилоти насли наврас конфронс барпо гардид. Ба шарофати ин ду рӯйдод ғояи таъсиси ид бахшида ба кӯдакон тавлид ёфт.

Дар солҳои охир ғамхорӣ нисбат ба кӯдакони дунё хеле муҳим гардид. Дар замони ҷангҳо бисёре аз онҳо волидайн ва наздиконашонро аз даст дода, ятим монданд. Соли 1949 намояндагони конгресси занон, ки дар Париж мегузашт, ҳамаи мардуми оламро даъват карданд, ки барои сулҳ мубориза баранд, зеро танҳо сулҳ метавонад ҳаёти хушбахтонаи кӯдаконро муҳайё созад. Бад-ин тариқ Рӯзи байналмилалии кӯдакон таъсис ёфт, ки аввалин идаш 1 июни соли 1950 барпо гардид ва то имрӯз қайд карда мешавад.

Соли 1959 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид Изҳороти ҳуқуқи кӯдак қабул ва аз ҷониби кишварҳои зиёд эътироф гардид. Баъдан соли 1989 ин ташкилот Созишномаи ҳуқуқи кӯдакро тасдиқ кард, ки вазифа ва уҳдадориҳои ҳама давлатҳоро нисбат ба шаҳрвандони ноболиғашон  муайян намуд. Дар ин ҳуҷҷат уҳдадориҳои калонсолон ва ҳуқуқи кӯдакон  сабт гардидааст.

Мутаассифона, имрӯз дар саросари дунё бисёр кӯдакон ба муолиҷа эҳтиёҷ доранд, аммо бо сабаби дастнорасӣ ба он мефавтанд. Имрӯз кӯдакони зиёде бехона ва гушнаву ташна мондаанд. Онҳо имконияти дар мактаб хондан надоранд. Илова ба ин, чӣ қадар кӯдакон барои иҷрои корҳои вазнин ба сифати қувваи кории бепул истифода ва ҳатто ба ғуломӣ фурӯхта мешаванд. Ин далелҳои риққатовар моро ҳушдор медиҳад, ки  кӯдаконро ҳимоя кунем. Ин масъалаҳо на фақат ҳамин як рӯз, балки ҳамарӯза бояд моро ба андеша оранд, зеро кӯдакони солим – ояндаи хушбахтонаи сайёра мебошанд.

Тоҷикон дар тарбияи кӯдак таҷрибаи ғанӣ доранд

Бояд гуфт, ки миллати куҳанбунёд ва соҳибтамаддуни тоҷик аз қадимулайём дар ҷодаи ҳимоя ва парвариши тифл,  масъулияти ҷомеа ва волидайн дар тарбияи кӯдакон заминаҳои мустаҳками илмиву амалӣ гузоштаву таҷрибаи ғании гузаштагонро ҳифз кардааст. Осори бузургони илму адабамон, суннатҳои баланди оиладории мардуми тоҷик аз қадимулайём, ки дар баробари зода шудани тифл дар андешаи тарбияи солим ва дурусти он будаву аз истифодаи доя то таълиму тадрис дар назди донишмандон ва омӯзиши ҳунару одоб  ва тарбияи ҷисмонии кӯдакону наврасон рисолаву  дастурҳои зиёде эҷод кардаву таҷрибаҳо андӯхтаанд, гувоҳи фарҳангсолории миллати мо мебошад.

Мояи сарфарозии мост, ки пас аз комёб шудан ба Истиқлоли давлатӣ масъалаи таълиму тарбияи атфол ва кӯдакони мо ба шакли наву мувофиқ ба замона  эҳёи  тоза ёфт. Аз ибтидои даврони  истиқлол Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар андешаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак буда, Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон ва дигар асноди байналмилалиро эътироф карда, дар ин замина санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқии мамлакатамонро бо муқаррароти онҳо мутобиқ сохтанд.

Тадбирҳое, ки дар давлати соҳибистиқлоли мо андешида шудаанд, ба мисли Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», таъсиси Комиссия барои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар назди ҳукумат, Нақшаи миллии амалиёт оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва  манфиатҳои кӯдак барои солҳои  2003 – 2010 ва Стратегияи миллӣ оид ба саломатии кӯдакон ва наврасон барои давраи то соли 2015  гувоҳи андешидан ва  анҷом додани тадбирҳои самаранок дар ин самт мебошад.

Ахиран  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ки имрӯз дастур ва раҳнамои тамоми идораву муассиса, хонаводаву ҷомеаи мо гардидааст, то куҷо ҷиддӣ аз ҷониби ҳукумату давлат ва халқи мо пайгирӣ шудани ин масъалаи дорои аҳамияти аввали ҷомеаи моро нишон медиҳад. Ва ин беҳуда нест. 

Тоҷикистон мамлакати кӯдакон аст

Аз рӯи нишондиҳандаи синну сол Тоҷикистон яке аз давлатҳои ҷавон ба ҳисоб рафта, 35 фоизи сокинони онро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд. Дар Тоҷикистони мо кӯдакон аз тамоми ҳуқуқҳо бархурдор буда, бо таҳсил, табобат ва имтиёзҳи хос фаро гирифта мешаванд ва таҳти ғамхории доимии давлат ва ҳукумат қарор доранд, зеро онҳо дар давлати иҷтимоӣ зиндагӣ мекунанд ва дар ин давлат ҳуқуқҳои иҷтимоии кӯдакон, аз ҷумла гурӯҳҳои ниёзманду камбизоати он ҳифз карда мешавад.

Ин хушбахтии кӯдакони мо аст, ки илова ба эътирофи ҳама қонуну конвенсияҳои байналмиллалӣ оид ба ҳифзи кӯдакон аз ҷониби давлат ва ҳукумати Тоҷикистон мамлакати мо соҳиби Сарваре мебошад, ки  хайрхоҳу раҳмдил, тифлдӯст ва ватанпарвар буда, бо дастгирӣ аз ятимону бепарасторон ва камбизоатон маъруфият пайдо кардаанд. Ҳамаи мо шоҳиди  ғамхориҳои ҳамешагӣ ва пайвастаи Пешвои миллатамон аз тифлакону наврасоне ҳастем, ки бе хонаву дар, бе падару модар мондаанд ё оҷизу маъюбанд. Соле чандин маротиба- ҳам дар оғозу анҷоми сол ва ҳам дар идҳои милливу динӣ ва ҳар муносибати дигар Пешвои миллати мо на танҳо худ бо дастовезу ҳадяҳо ба дидори маъюбону ятимон ва камбизоатон мешитобанд, балки ҳамагонро ба иҷрои корҳои савобу хайр нисбат ба ятимон даъват ва ҷалб менамоянд. Бо чашми худ дидаву ба гӯши худ шунидаем, ки аксар ятимону бепарасторон бо муҳаббати баланд ва ашк дар чашм Пешвои миллатамонро падари худ мехонанд, зеро аз каси дигар чунин навозиш, ғамхориву меҳрубонӣ ва дасти шафқатро надидаанд.


Ҷавҳари инсонпарастӣ, анъанаву суннатҳои неки мардуми хирадпеша ва куҳанбунёди тоҷик имрӯз ҳам дар ниҳоди худи халқ, ҳам дар сиёсати дохилии Ҳукумат ва ҳам дар сиришти Пешвои миллат ҷилои тоза ёфтааст.

“Кӯдак бинобар норасоии камолоти ҷисмонӣ ва фикриаш ба ҳимояву ғамхории махсус, аз ҷумла ба ҳифзи ҳуқуқ ҳам дар давраи то таваллуд ва ҳам баъди он эҳтиёҷ дорад”,- таъкид шудааст дар Эъломияи ҳуқуқи башар. Дар ин асос Ҳукумати Тоҷикистон барои кӯдакону наврасоне, ки имконияти ҷисмонӣ ва вазъи иҷтимоияшон маҳдуд аст, як силсила бартариву имтиёзҳо муқаррар намудааст, ки инҳо ба ҷавҳари инсонпарваронаи мардуми мо ва суннату таомули башардӯстонаи халқи тамаддунсозамон созгор мебошанд. Тадбирҳое, ки бо мақсади ҳифзи иҷтимоии кӯдакон, хусусан кӯдакони маъюб андешида шудаанд, аз ин ҷумла мебошанд. Таҳсили ройгон, таъмини нафақа, нигоҳубину парасторӣ, таъмин намудан бо хобгоҳ ва ҷои кор, дастгирии вазъи моддӣ пайваста дар мадди назари масъулини ҳукумати мамлакат қарор дорад. Дар мамлакати мо таҳти кафолати давлат тамоми кӯдакон бо таҳсил ва таълими умумии ҳатмии ройгон дар муассисаҳои таҳсилоти давлатӣ фаро гирифта мешаванд.

Аз ҷониби давлат ва ҳукумати Тоҷикистон барои таълиму тарбияи ҳамаи гурӯҳҳои кӯдакону наврасон шароит муҳайё гардидааст. Аз ҷумла, барои фаро гирифтани кӯдакони душвортарбия дар мамлакат мактаби махсус фаъолият дорад, ки таълим дар ин муассиса дар доираи барномаҳои хосса гузаронида шуда, барои хонандагон шароити хуби зист ва таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст. Чорабиниҳои зиёде, аз ҷумла фестивалу озмунҳо, мусобиқаҳои гуногун, ҷашнвора ва машғулияти дигар барои фаро гирифтани кӯдакону наврасон ба ҳунарҳои гуногун, бедор кардани завқи эҷодии онҳо, тарбияи эҳсоси зебоифаҳмӣ ва ғайра барпо карда мешаванд, ки сол то сол доираи бештари хурдтараконро фаро мегиранд.

Аммо наметавон гуфт, ки ҳама корҳои мо дар ин ҷода, яъне тарбияи насли наврас хубу бекамбудӣ мебошад. Ҳанӯз дар ҷомеа ноболиғоне ёфт мешаванд, ки эҳтиёҷ ба роҳнамоиҳо доранд ва ҳатто даст ба ҷиноят мезананд. Як сабаби рӯ овардани наврасон ба ҷиноят аз беназоратии волидайн ва бетарафии мактабу ҷомеа рӯй додааст. Дар пешгирӣ аз ин зуҳуроти номатлуб ва беҳтар кардани вазъи таълим ва хусусан тарбияи наврасон  нақши падару модар бояд ҳалкунанда бошад. Маҳз бо ҳамин ҳадаф бо ташаббуси Пешвои миллат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул гардид, ки бояд моро дар ин ҷода раҳнамо бошад. Яъне дар баробари давлату ҳукумат  падару модар низ бояд вазифаҳои ба зиммадоштаашонро иҷро кунанд. Вагарна дар ин ҷода ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил шудан хеле душвор аст.

Пешвои миллатамон дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон якуми июни соли 2011 гуфта буданд: “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кўдакон на танҳо рўзи таърихӣ, балки айёми ба ҷомеа ёдовар шудан аз зарурати риоя ва эҳтироми ҳуқуқи кӯдак ва фароҳам овардани шароит барои ташаккули ҷомеаи инсонпарвару адолатпарвар аст. Аз ин лиҳоз ин рӯз иди калонсолон низ мебошад. Зеро кӯдакон ниёз ба ғамхории доимӣ доранд ва калонсолон дар таъмини ниёзу эҳтиёҷоти онҳо масъул мебошанд. Яке аз ҳуқуқҳои бунёдии кӯдакон ҳуқуқи якҷо бо падару модар зиндагӣ кардан ва дар оилаи солим тарбия ёфтан аст”.

Соли 2010 Ҳукумати Тоҷикистон Стратегияи миллии саломатии аҳолиро барои солҳои 2010 – 2020 тасдиқ кард, ки масъалаҳои беҳдошти саломатии кӯдак дар он мақоми асосӣ дорад. Дар ин байн даҳҳо таваллудхонаву бунгоҳҳои тиббӣ таъмир гардида, бо таҷҳизоти наву имрӯзаи тиббӣ ҷиҳозонида шудааст. Дар тамоми гӯшаҳои мамлакат бунёди таваллудхона, табобатгоҳ ва бунгоҳҳои тиббӣ идома дорад ва чунонки Сарвари давлат дар суханронии худ иброз доштаанд, “Давлат дар фаъолияти худ меъёрҳои байналмилалиро оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодии кӯдакон қадам ба қадам амалӣ мегардонад. Дар мамлакати мо ҳимояи ҳуқуқ, ҳифзи саломативу ҳаёти кӯдак, фароҳам овардани шароит барои таҳсили ӯ аз ҷумлаи самти афзалиятноки сиёсати давлат мебошад. Ба ҷомеаи мутамаддин аз рўи меъёре баҳо медиҳанд, ки дар он нисбат ба ниёзмандтарин қишри ҷомеа, яъне кӯдакони ятиму маъюб ва мӯйсафедон чӣ  гуна муносибат мекунанд. Аз ин рӯ танҳо саъю талоши дастҷамъонаву муштараки ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳар шаҳрванди мамлакат метавонад ба зиндагии фарзандони мамлакат хушбахтӣ ва оромиву осудагӣ бахшад”.

Изтироби баланди инсонӣ оид ба фардои кӯдакон 

Имрӯзҳо вазъи носолими байналмилалӣ, муборизаи абарқудратҳо барои тақсими неъматҳои моддӣ зиёну осеб ва фоҷиаҳои даҳшатборро  бар сари ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хусусан кӯдакони бегуноҳи сайёра овардааст.

Зимни яке аз суханрониҳои худ Пешвои миллати тоҷикон бо камоли масъулият ва изтироби баланди инсонӣ санад ва далелҳоеро номбар карданд,  ки мо ва ҷомеаи байналмилалиро бори дигар ҳушдор медиҳанд, ки нисбат ба вазъияти шигифтангези ба амаломада набояд бетараф бошем.  Ин далелҳо чунин мебошанд: “Танҳо дар давраи ҷанги Сурия 12 ҳазор кӯдак ба ҳалокат расида, шумораи муҳоҷирони дохилӣ ба 7 миллиону 600 ҳазор  нафар расид, ки дар байни онҳо кӯдакону наврасон кам нестанд”.

Дар далелҳои овардаи Пешвои миллат ҳамчунин гуфта шудааст, ки “ҳар сол бо сабаби норасоии оби тозаи ошомиданӣ як миллиону 400 ҳазор кӯдак азият кашида, ҳар дақиқа як кӯдаки навзод аз бемориҳои сироятии вобаста ба норасоии оби тоза ва муҳити пок ба ҳалокат мерасад”.

Дар моварои ин манзара тадбирҳо ва заҳматҳои пайвастаи Сарвари давлатамон барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум дар дохили мамлакат ва пешгирии фоҷиаҳо дар сатҳи сайёра, хусусан барои ҳифзи табиат ва оби тоза дар дунё аҳамияти хосса пайдо кардаанд.

Воқеан, фардои дурахшони  давлатро метавон танҳо дар чеҳраи дурахшони тифлакону кӯдакони нозанини мо дид. Дар шароити Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ, муҳити ифтихору худшиносӣ, ҳавои солиму созанда ва тинҷиву амонии муҳайёгардида вазифаи муқаддаси мо аст, ки ба заминаҳои фардои дурахшон ва ободу зебои мамлакатамон бунёд гузорем. Ғамхорӣ дар ҳаққи кӯдакон, тарбияи солими насли созандаи мамлакат вазифаи муқаддаси ҳар яки мо аст. Танҳо ба ҳамин  роҳ мардуми моро метавон ба  фатҳи армонҳои миллӣ ва соҳили мурод расонд.

Аз олами оила ва кӯдакон 

Чунонки таҷриба нишон медиҳад, кӯдакон олами хосса ва нотакрори худ, таваҷҷуҳ ва қиссаҳои хоси худро  доранд. Чӣ мақоме дар он калонсолон доранд? Дар зер ба таваҷҷуҳи шумо чанд таърихи аҷоиб аз ҳаёти кӯдакон, одамон ва ҳодисоту зуҳуроти дунё пешкаш мегардад.

Аз хусуси идҳо

Агар дар ҳама дунё рӯзи ҳимояи кӯдакон таҷлил карда шавад, дар Сейшел моҳи ҳимояи кӯдаконро қайд мекунанд.

Дар хусуси боғчаи бачагон

Ягона боғчаи бачагон барои кӯдакон бо муҳофизон дар Руминия қарор дорад. Дар ҳудуди боғчаи кӯдакон биное барои посбонҳо сохта шудааст, ки ҳамарӯза кӯдаконро  таҳти назорат қарор медиҳанд. Ҳама кӯдакон дар ин боғча телефонҳои мобилӣ доранд ва зангзанӣ ба волидайн дар ин ҷо хуш истиқбол меёбад.

Дар хусуси бузургтарин оила

Инсони аз ҳама серфарзандтарин дар дунё султони Мароканд Исмоил аст. Ӯ чун падари асил 548 писар ва 340 духтарро тарбият мекунад.

Аз хусуси иштибоҳот

Руҳшиносон ақида доранд, ки фарзандони ягона дар оила нозук, худхоҳ ва бештар думболагири  мақсад буда, дар зиндагӣ бештар муваффақ мешаванд. Аммо аҷиб аст, ки ҳеҷ яке аз президентҳои Амрико фарзанди ягонаи хонавода набудааст ва ин далел хулосаҳои олимонро зери шубҳа мегузорад.

Аз хусуси компютерҳо

Олимони англис чунин мешуморанд, ки кӯдакони пайваста бо компютер сарукордошта хеле зудтар математикаро омӯхта, навиштану хонданро 5 маротиба тезтар меомӯзанд.

Доир ба китоби рекордҳои бачагона

Дар Сочи чопи “Китоби рекордҳои бачагона” ба нақша гирифта шудааст. Бачагони то ҳаждаҳсола, ки рекордҳояшон дар хусуси тобоварӣ, чаққонӣ ва иҷрои тез ҳамто надорад,  метавонанд қаҳрамони он бошанд. Барои ворид шудан ба китоби номбурда бояд ба идора аз хусуси рекорди шахсии кӯдак маълумот фиристод. Дастовард бояд беназир ва аҷиб бошад ва онро бояд се нафар шоҳиди калонсол тасдиқ кунад. Бачагоне, ки рекордашон дар китоб ҷой меёбад, бо дипломи махсус тақдир карда мешаванд.

Дар хусуси «ситоракӯдакон»

Дар Москва клуби пӯшидаи волидайн бо номи “кӯдакони индиго” вуҷуд дорад. Пӯшида будани он танҳо аз эҳтиёткорӣ аст. Зеро бе иштирок ва дарку дахолати волидайн  “ситоракӯдак” чун зоғи ало дар байни ҳамсолонаш намоён хоҳад буд. Феномени зуҳури “кӯдакони индиго”-ро кайҳост, ки беҳтарин руҳшиносони дунё омӯхта истодаанд.

Ин кӯдаконро аз рӯи ранги аураи онҳо “индиго” меноманд. Имрӯз онҳоро насли ҳазорсолаи нав меҳисобанд. Кӯдакони “индиго” метавонанд ба якборагӣ бо панҷ кор машғул шаванд, то ки дасту пову сар банд бошад. Масалан, бачаяки панҷсола Даня дар як маврид метавонад ба чор забон сухан кунад. Дониши ӯ кампири бибияш ва мураббиёни синни томактабиро дар шигифт андохтааст. Духтарчаи чаҳорсола Лана намехоҳад бихобад, зеро чунин меҳисобад, ки агар хобад, ҳама аҷоиботи ҳаётро нодида мемонад. “Кӯдакони индиго” ҳамеша дар ҳама замонҳову тамаддунҳо вуҷуд доштаанд. Мотсарт, Леонардо да Винчи, Ломоносов – аз ин ҷумла маҳсуб мешаванд.

Кӯдакони човандоз

Дар кишварҳои араб пойгаи шутурҳо хеле маъмул аст. Аммо ба сифати човандозҳо одатан дар онҷо кӯдакони се-чаҳорсоларо истифода мебаранд. Кӯдаконро савори шутур мекунанд ва шутур худ медавад. Кӯдакон сабуктар аз калонсолон мебошанд, баъдан онҳо метарсанду баланд фарёд мезананд ва ин давиши шутурҳоро метезонад.

Аз хусуси саволу ҷавоби кӯдакон

Аз рӯи пажӯҳиши омор, кӯдакони хурдсол дар 3-4-солагӣ ҳамарӯза 12 000 вожаро ба забон оварда, 900 савол медиҳанд.

Дар хусуси реклама

Дар Швейтсария қонуне амал дорад, ки ба кӯдакони то дувоздаҳсола нигаронидани рекламаро манъ мекунад. Чунин меҳисобанд, ки дар ин синну сол кӯдакон хеле таъсирпазир ҳастанд ва реклама метавонад ба руҳияи онҳо таъсири  манфӣ дошта бошад.

Варзиши кӯдакон ва заҳмат

Президенти Иттиҳодияи олмонии ҳимояи кӯдакон чанде пеш ба Кумитаи олимпӣ бо чунин эътироз муроҷиат кард, ки варзиш воситаи асосии  истисмори неруи кӯдакон шудааст. Воқеан ин зуҳурот на фақат дар кишварҳои дури африкоӣ, балки дар тамоми Аврупову Амрико ба назар мерасад. Ва аҷиб ин аст, ки дар бисёр маврид маҳз кӯдакон чемпионҳои олимпӣ мегарданд.

Дар хусуси табассум

Дар Дубай се сол пеш аз ҳама бузургтарин намоишгоҳи аксҳои кӯдакони хандони то панҷсола баргузор гардид. Намоишгоҳе, ки 19 ҳазор акс ҷамъ овард, ба китоби “Рекордҳои Гиннес” ворид гардид, зеро бори аввал чунин теъдоди зиёди аксҳо ҷамъ шуда буд. Ташкилкунандагони намоишгоҳ аз иштирокчиён талаб доштанд, ки  аксҳои ҳаваскоронаи кӯдакони худро ҳангоми табассум фиристанд. Натиҷа ғайриинтизор буд. Як оилаи америкоӣ акси рентгении кӯдаки ҳанӯз таваллуднашудаи худро фиристода буд. Воқеан тамоми волидайни иштироккарда,  ки акси кӯдаки онҳо ба китоби “Рекордҳои Гиннес” дохил шуд, соҳиби диплом гардид.

Дар хусуси вундеркиндҳо (кӯдакони дорои истеъдоди фавқулода)

Ганеш Ситам – палам яке аз кӯдакони аз ҳама оқили  сайёра ба ҳисоб меравад. Бачаи ҳафтсола ҷавонтарин донишҷӯи донишгоҳ дар дунё гардид. Ганеш ҳатто агар дар як ҳафта фақат як бор дар лексияҳо иштирок ҳам кунад, дониши пешниҳодшударо фавран аз бар мекунад. Бо чунин суръат ӯ бояд ҳанӯз дар сенздаҳсолагӣ унвони бакалавриро соҳиб шавад.

Дар хусуси хирспосбонҳо

Чанде пеш дар шуъбаҳои полиси иёлати Майами “хирспосбонҳо” (хирспатрулҳо) пайдо шуданд. Хирсҳои ба таври сунъӣ сохташуда ҳангоми назорати полисҳо бо онҳо ҳамроҳӣ ва гоҳе амал низ мекунанд. Агар кӯдакон гиря кунанд, тавассути ин бозичаҳо онҳоро ором менамоянд.

Аз хусуси хубу бад

Дар Ҷопон дар назди мактабҳо — дар истгоҳи барои велосипедҳо ҷудокарда ду намуди лавҳа овехта шудааст. Дар яке акси ботартибона гузоштаи велосипедҳо ва  ин навишта: “Кӯдакони хуб велосипедҳояшонро ба ин тариқ мегузоранд”.

Дар лавҳаи дигар акси чанд велосипеди бетартиб партофтаро кашида, чунин навиштаанд: “Кӯдакони хуб велосипедҳояшонро чунин намегузоранд”.

Дар Ҷопон нисбат ба кӯдакон ҳеҷ гоҳ вожаҳои “бад” ва “нохуб” истифода бурда намешавад.

Камол НАСРУЛЛО,
ходими адабии АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/манбаъҳои боз

Июнь 1, 2023 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд