«ТОҶИКИСТОН ЯГОНА – БАДАХШОН НИГИНИ ОН». Таҳти ин унвон дар Хоруғ Конференсияи илмӣ — амалӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 23.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 23 июн бахшида ба 26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Театри мусиқию мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ Конференсияи илмӣ –амалӣ таҳти унвони «Тоҷикистон ягона – Бадахшон нигини он» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.
Дар кори он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, роҳбарияту намояндагони вазорату идораҳо, аҳли зиё, собиқадорон ва сокинони фаъоли вилоят иштирок намуданд.
Дар оғози конфронс бо ёдоварӣ аз воқеаҳои солҳои 90–уми асри гузашта иброз гардид, ки дар он рӯзҳои вазнину тақдирсоз маҳз корнамоиву шуҷоати фарзанди фарзонаи миллат -Асосгузору сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки сулҳу субот дар ҷумҳурӣ пойдор гардида, миллат боз ҳам сарҷаъм шу два ба сўи зиндагии шоиста қадамҳои устувор гузошт.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён доир ба аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ, нақши сулҳи тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ, саҳм ва ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷаҳони имрӯза, рушду пешрафт ва нумуи он дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ибрози назар намуд.


Гуфта шуд, ки дар заминаи сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба таври бесобиқа рушд намуда, дар ин росто Бадахшон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи он симои худро куллан дигаргун намуд.
Дар ҷараёни ҳамоиш доир ба мавзуи мавриди назар иштирокдорон сухан гуфта, тасдиқ карданд, ки мардуми сарбаланди Бадахшон имрўз ба обод сохтани сарзамин ва тарбияи насли наврас дар рўхияи ватанпарастӣ, худшиносӣ ва омўзиши илму дониш машғул буда, шукри оромии Ватанро менамоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






