ҶУДО. Комроншоҳ Устопириён дар Гранд Слами Уланбатор ҷои панҷумро гирифт
ДУШАНБЕ, 26.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи охири Гранд Слами Уланбатор (Муғулистон) варзишгари Тоҷикистон Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг ҷои панҷумро гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Намояндаи дигари Тоҷикистон Мансур Раҳмон (+100кг) дар даври аввал аз намояндаи Қазоқистон Одил Оразбоев мағлуб гардид.
Дар рӯзи аввали рақобатҳо Обид Ҷебов дар вазни -66кг сазовори медали нуқра шуд.
Дар ин мусобиқа Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг) низ ҷои панҷум ва Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60кг) ҷои ҳафтумро соҳиб шуданд.
Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон давоми се рӯзи оянда дар Уланбатор дар ҷамъомади тамринии байналмилалӣ иштирок менамояд.
Сипас, ҷудокорони тоҷик дар ҳайати беш аз 35 нафар, аз ҷумла бонувон, аз 6 то 20 июл дар шаҳри Иркутски Федератсияи Русия ба ҷамъомади тамринӣ фаро гирифта мешаванд.
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






