ҶУДО. Мунтахаби Тоҷикистон дар «Russian Judo Tоur-2023» иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 17.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. 24-25 июн дар шаҳри Челябински Федератсияи Русия мусобиқаи навбатӣ оид ба ҷудо дар доираи «Russian Judo Tоur» баргузор мешавад, ки дар он варзишгарони тоҷик иштирок менамоянд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.
Тибқи низомнома, дар рӯзи аввал варзишгарон дар вазнҳои -60кг, -66кг, -73кг байни мардҳо ва -63кг, -70кг, -78кг, +78кг байни бонувон сабқат менамоянд. Рӯзи дуюм мардҳо дар вазнҳои -81кг, -90кг, -100кг, +100кг ва бонувон дар вазнҳои -48кг, -52кг, -57кг гўштин мегиранд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Ҳакдод Гулов (дар вазни -60 кг), Суҳроб Боқиев (дар вазни -66 кг), Абубакр Шеров (дар вазни -73 кг), Сайфиддин Сайфиддинзода (дар вазни -81 кг), Улуғбек Раҳимов (дар вазни -100 кг) ва Иброҳимҷон Элмуродов (дар вазни +100 кг) намояндагӣ менамоянд.
Дар мусобиқа иштироки ҳудуди 400 варзишгар аз кишвари мизбон, инчунин Беларус, Арманистон, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Муғулистон ва ғайра дар назар аст.
Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд. Фонди умумии ҷоизаҳо 7,3 миллион рубли русиро ташкил медиҳад.
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд






