Ваҳдати миллӣ таҷассумгари иттиҳоду ягонагии мардум ва якпорчагии Тоҷикистон аст

Июнь 27, 2023 10:21

ДУШАНБЕ, 27.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки асосан аз фарҳангу хиради азалии мардуми тоҷик ва раҳнамоиҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, имрӯз таҷассумгари иттиҳоду ягонагии ҳамаи сокинони мамлакат ва якпорчагии Тоҷикистон мебошад. Чунин гуфта шуд дар маҷлиси тантанавие, ки бахшида ба Рӯзи  Ваҳдати миллӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, таъкид гардид, ки таҳкими дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, бахусус бунёди пояҳои устувори давлатдории миллӣ, таъмини амнияту суботи сиёсӣ, татбиқи муваффақонаи ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, ҳамчунин тақвияти иқтидори иқтисодию иҷтимоӣ, хулоса рушди рӯзафзуни Тоҷикистон маҳз ба туфайли фазои сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ имконпазир гардид.

Таъкид шуд, ки Ваҳдати миллӣ ва фазои созгори сулҳу субот дар мамлакат тақозо менамояд, ки ҳама дастаҷамъона саъйу талош варзанд, то аз раванди босуръати рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ ақиб намонем, наслҳои имрӯзу ояндаро ба сӯйи тамаддуни муосир, яъне дастовардҳои илму фан, техникаву технологияи навтарин ҳидояту раҳнамоӣ созем. Аз ин рӯ, бо мақсади ҳифзу таҳкими давлатдории миллӣ имрӯз дар мамлакат зербинои устувори фардоро гузорем ва дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа кадрҳои баландихтисосро тарбия намоем. Ҳифзи дастоварди нодир ва таърихии халқамон, яъне Ваҳдати миллӣ вазифаи муҳимтарин ва аввалдараҷаи ҳамаи мардуми Тоҷикистон аст.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Июнь 27, 2023 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1098 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2465 сомонӣ муқаррар шудааст
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1068 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар «Саноатсодиротбонк» 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҷлил гардид
Кормандони «Саноатсодиротбонк» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2459 сомонӣ муқаррар шудааст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкории байнибонкиро тақвият медиҳанд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2486 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки Намояндагии UNICEF малакаҳои амалии молиявӣ баррасӣ гардид
Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тангаҳои хотиравиро ба фурӯш баровард