Варзишгари тоҷик медали биринҷии Чемпионати Осиё оид ба гӯштинро ба даст овард

Июнь 17, 2023 15:00

ДУШАНБЕ, 17.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. 10 июн дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Чемпионати Осиё оид ба гӯштин байни наврасони то 17-сола ва ҷавонони то 23-сола оғоз гардид, ки он то 18 июн идома меёбад.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи гўштини Тоҷикистон хабар медиҳад, варзишгари тоҷик Фирӯз Мирзораҷабов байни ҷавонони то 23-сола дар вазни то 63 кг аз риштаи гӯштини юнону-румӣ ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуд.

Рақобатҳо дар ин вазн тибқи низоми даврӣ ҷараён гирифт. Фирӯз дар даври аввал бар варзишгар аз Ветнам пирӯз шуд, дар даври дуюм аз намояндаи Қазоқистон шикаст хўрд ва дар даври сеюм бар варзишгари Саудӣ ғолиб омада, ба нимфинал роҳ ёфт. Аммо дар роҳ ба финал аз варзишгари мизбон шикаст хўрд ва дар рақобат барои ҷои сеюм варзишгари Туркманистонро мағлуб намуд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 17, 2023 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад