Қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016 Дилшод Назаров узви Раёсати иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё гардид

Июль 14, 2023 15:21

ДУШАНБЕ, 14.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016 Дилшод Назаров узви Раёсати иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё (OCA) барои солҳои 2023-2027  интихоб гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикисон хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки 8 июл дар Ассамблеяи 42-юми генералии Шӯрои олимпии Осиё  дар Бангкок  (Таиланд) Шайх Талол Фаҳад АлАҳмад Ал Сабоҳ президенти нави Шӯрои олимпии Осиё интихоб карда шуд.

Тоҷикистонро дар ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии  Ассамблеяи 42-юми генералии Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) ноибони Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, Дилшод Назаров ва  котиби генералии Кумитаи миллии олимпӣ Муҳаммадшо Абдуллозода намояндагӣ намуданд.

АКС аз бойгонӣ

Июль 14, 2023 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд